Gazprom july 2025
Фоида ва зарари ороишоти косметикӣ дар фасли тобистон
10.08.2025
Oila.tj
193

Тобистон мавсими дамгирӣ ва истироҳат аст. Аксарияти одамон маҳз дар ҳамин айём рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба ягон истироҳатгоҳи дохилӣ ё хориҷӣ дамгирӣ мераванд, ҳамроҳи аҳли оила ва ёру дӯстони худ ба сайри кӯҳу даман мебароянд ё дар хонаи хешу табор меҳмон шуда, ғубори дилашонро мебароранд.

Албатта дили ҳар як зан мехоҳад зебо шуда ба чунин чойҳо равад, вале истифодаи маводҳои косметикӣ дар фасли тобистон метавонад ҳам фоида дошта бошад ва ҳам зарар.

Манфиатҳои косметика

Барои зебо, хушгил ва ҷавон намудан занону духтарон бояд маводҳои косметикиро дар фасли тобистон дуруст истифода баранд. Қабл аз истифода дар бораи хусусиятҳои ҳар як маводи ороишие, ки шумо онро истифода бурдан мехоҳед, бояд маълумот ҷамъоварӣ намоед.

Муҳофизат аз нурҳои сӯзони офтоб

Аз ҳад гарм будани ҳаво ва нурҳои сӯзони офтоб ба пӯсти инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Нурҳои тези ултрабунафши офтоб боиси сӯхтани пӯст, тира гаштани чеҳра ва пеш аз муҳлат пир шудани кас мегарданд.

Чӣ бояд кард?

Барои кам кардани таъсири нурҳои сӯзони офтоб ба пӯст дар фасли тобистон аз маводҳои косметикии муҳофизаткунанда SPF-фильт дошта истифода баред.

Нармсозии пӯст

Дар фасли тобистон бо сабаби аз ҳад гарм будани ҳаво оби зиёде аз организм хориҷ шуда, дар натиҷа пӯсти инсон пажмурода мегардад. Вақте ки пӯст пажмурда гашт, чеҳраи кас пир ба назар мерасад.

Чӣ бояд кард?

Пеш аз муҳлат пир шудан нахоҳед, аз малҳамҳои махсуси косметикӣ, ки хусусияти нармкунандагӣ доранд, истифода баред. Ин малҳамҳо пӯстро бо об таъмин намуда, барои ҷавону зебо ва солим намудани шумо ёрӣ мерасонанд.

Бо косметика ба оббозӣ рафтан мумкин аст?

Иддае аз бонувон аслан бидуни косметика зиста наметавонанд ва ҳатто ҳангоми ба оббозӣ рафтан низ худро орову торо медиҳанд. Дар натиҷа туш, тен ва дигар ороишоташон бо сабаби гармии ҳаво об мешавад ё бо об омехта шуда, ба рӯяшон мешорад, ки ин бисёр ҳолати ногувор мебошад.

Чӣ бояд кард?

Ба бонувоне, ки бе ороишот зиста наметавонанд, маслиҳат медиҳем, ки дар тобистон аз маводҳои косметикии ба об тобовар (Водостойкая косметика) истифода баранд. Ин намуди ороишот ҳатто ҳангоми оббозӣ кардан намерезад ва дар баробари ин, пӯсти шуморо аз арақ кардан эмин медорад.

Истифодаи маводҳои косметикӣ дар фасли тобистон чӣ зарар дорад?

Тавре ки дар оғоз гуфтем, истифода бурдан аз ороишоти косметикӣ дар фасли тобистон ба пӯсти инсон ҳам фоида дорад ва ҳам зиён. Зарарҳои асосии косметика дар тобистон инҳоянд:

Маҳкамшавии ҳуҷайраҳои пӯст

Дар тобистон пӯст аз ҳисоби баланд шудани ҳарорат равғани бештар тавлид мекунад ва ин метавонад ба баста шудани сӯрохиҳо ва акне оварда расонад. Дар натиҷа пӯст нафас кашида наметавонад. Истифодаи ороиши аз ҳад зиёд ғафс ё равғанин ин мушкилро дучанд гардонида, боиси п еш аз муҳлат пир шудани инсон мегардад.

Аллергия аз косметика

Мушкили дигаре, ки дар фасли тобистон ба миён меояд, ин ҳассосият, яъне сар задани аллергия ба атриёт ба косметика мебошад. Ҳарорати баланд метавонад аксуламали организмро ба маводҳои косметикӣ ва хушбӯйҳо афзоиш диҳад, бинобар ин, пеш аз истифодаи маводи нави косметикӣ дар тобистон аввал миқдори хеле ками онро ба пушти дастатон молида интизор шавед, ки аллергия медиҳад ё не.

Ҷилои зиёдатӣ

Дар ҳавои гарм пӯсти бо роишоти косметикӣ гангуборшуда ҷило медиҳад ва ҳусни занро коста месозад. Барои пешгирии дурахши зиёдатӣ аз маводҳои косметикии нарм(матовая косметика) истифода бурдан лозим аст.

3 тавсияи муҳим

1. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки новобаста ба фасли сол маводҳои косметикиро бо дарназардошти навъи пӯсти худ интихоб намудан лозим аст. Косметикаи барои пӯсти равғанӣ пешбинишуда ба пӯсти хушк ва баръакс барои пӯсти хушк буда ба пӯсти равғанӣ ё миёна рост намеояд.

2. Дар фасли тобистон танҳо аз маводҳои косметикии сабук бояд истифода бурд.

3. Кӯшиш кунед, ки танҳо аз маводҳои косметикии босифат истифода баред. Косметикаи муҳлати истифодааш гузашта ё бесифат ба пӯст таъсири манфӣ расонида, занро бармаҳал пир мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД