arzon replenishment
Фонди Бердимуҳаммадов ба кӯдакони тоҷик туҳфа овард
344

 

Фонди дастгирии кӯдакони ниёзманди Туркманистон ба номи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар чанд мошини боркаши “Дулан” маводи хӯрока овардааст, ки ба фарзандони мардуми тоҷик туҳфа мекунад.

Бояд гуфт, ки фонди мазкур тақрибан 3 сол пеш, моҳи марти соли 2021 бо ташаббуси Пешвои миллати туркман Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таъсис дода шуд, ки барои дастгирии ҳамаҷониба ба кӯдакони бепарастор ва муҳтоҷ нигаронида шудааст.

Фаъолияти фонд бисёрҷанба буда, аз ҷумла маблағгузории амалиёти мураккаби тиббӣ ва харидани таҷҳизоти технологӣ барои беморхонаҳо, кумаки молиявӣ ба интернатҳо ва хонаҳои кӯдаконро дар бар мегирад.

Фонди мазкур таҳти сарпарастии давлат фаъолият дошта, аз дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти Туркманистон бархӯрдор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД