arzon replenishment
Г А Р А В Г О Н О Н И Х И Ё Н А Т
1663

Мавҷигул ин саҳар низ худро дошта натавониста, ҳама қаҳру ғазабашро бар сари Далер фурӯ рехт. Вақтҳои охир чунин ҷанҷолҳо миёни онҳо зуд–зуд иттифоқ меафтод. Мавҷигул аз он норозӣ буд, ки Далер ҳамеша дар сафари хизматӣ қарор дошт ва ба ӯ кам таваҷҷӯҳ мекард.

Агарчӣ аз оиладор шудани онҳо на бештар аз як сол гузашта аст, бахши асосии онро Мавҷигул танҳо гузаронд. Ҳанӯз аз арӯсиашон як ҳафта нагузашта сафарҳо оғоз шуданд ва то ҳол идома доранд. Далер дар баробари сафарҳои пай дар пайи хизматиаш маоши кам мегирифт ва ҳамеша аз сафар бо дасти холӣ бармегашт.

Ин кори ӯ беш аз беш Мавҷигулро ба ғазаб меовард. Барои Мавҷигул, ки дар оилаи шахси сарватманд калон шуда буд ва падару модараш ҳар яке дар алоҳидагӣ давлати зиёд доштанд, одат кардан бо чунин шароит басо душвор буд. Ҳатто хонае, ки феълан Мавҷигулу Далер дар он зиндагӣ мекарданд, туҳфаи падари Мавҷигул буд ва Далер манзили шахсии худро надошт.

Ин аст, ки Далер ҳамеша мавриди истинтоқ ва таънаи занаш қарор мегирифт ва аз ин издивоҷ пушаймон буд. Таънаи зан ӯро ҳамеша мулзам мекард ва гоҳо дар ғазаб шуда мегуфт:

   – Алҳол аз ин зиёд барои ту коре карда наметавонам. Агар чунин зиндагӣ ба ту маъқул нест, метавонем ҷудо шавем.

   Вақте ин дафъа низ ӯ «боз ман ба сафари хизматӣ меравам» гуфт, Мавҷигул ба ғазаб омада, «ман воқеан дигар наметавонам, баъди бозгашти навбатиат ҷудо мешавем» – гуфта дарро аз дарун сахт пӯшиданӣ шуд, ки Далер дарро дошта, бепарвоёна ҷавоб дод:

– Ман ҳам аз шунидани таънаҳои ту хаста шудам. Ваъда медиҳам, ки баъди бозгашт, худам барои ҷудо шудан ба ту кӯмак мекунам. Барои ҳамин ту дар хонаи худат бимон, ман мебароям.

Далер бо зани худ чун ҳамеша бӯсобусӣ накард, фақат «хайр» гӯён сумкаашро ба даст гирифта, аз дар берун шуд ва ҳатто дарро напӯшид.

Мавҷигул вориди хона шуда, либосҳои тозаашро пӯшида, назди оина омад. Дуру дароз ба шиками каме дамидааш нигариста, онро дастмол карда гуфт: – «Мебахшӣ кӯдаки ман. Роҳи дигар надорам. Қотил шавам ҳам, туро аз шикам берун мекунам. Дар ҳар ҳолат касе аз мавҷудияти ту огаҳӣ надорад».

   Ӯ либосҳои худро пӯшида сумкаашро гирифта, ба хонаи модараш омад. Модараш   Сайида ӯро пешвоз гирифта, ба хона таклиф кард ва зуд дастархон ороста, барояш хӯрданӣ овард.

Онҳо дуру дароз бо ҳам суҳбат карданд. Модари Мавҷигул дар яке аз сафоратхонаҳо ба ҳайси тарҷумон кор мекард. Падараш Собирзода бошад, дар ҳамон сафоратхона вазифаи калоне дошт. Дар чандин ҷо онҳо манзилҳои гаронбаҳо ва фароғатгоҳҳо доштанд. Ҳатто дар хориҷа падари ӯ хонаи шахсӣ дошт. Мавҷигул, ягона меросхӯри ин хонадон хеле эрка калон шуда буд. Ҳамин эркагӣ ба ӯ имконият намедод, ки зиндагии нисбатан мушкилеро бо Далер идома диҳад.

Мавҷигул аз Далер ба модараш Сайида шикоят карда, гуфт:

– Модарҷон, мову Далер ҷудо мешавем. Ман бо чунин шавҳар, ки ҳамеша дар сафар асту маоши дуруст намегирад, зиндагӣ карда наметавонам. Хоҳиш мекунам як духтури хуб пайдо кун. Исқоти ҳамл кардан мехоҳам.

Модари ҳайратзада, пурсид:

–Ту ҳомиладорӣ?

–Бале модарҷон! Ман ҳомиладорам. Вале ин кӯдак ба ман даркор нест.

–Исто, ки Далер медонад? Далер медонад, ки ту ҳомиладорӣ?– бо таҳайюр пурсид модар.

–Не, намедонад ва намехоҳам ки донад.

– Чаро намехоҳӣ, ки Далер аз ҳомиладории ту огоҳ бошад? – суол кард модар.

– Барои онки намехоҳам, фарзандам чунин падари камбағал дошта бошад. Ман ӯро дӯст намедорам ва намехоҳам, ки як умр дар интизории чунин марде, ки лоиқам нест, кӯдакбонӣ карда, дар хона шинам, – бепарвоёна посух дод Мавҷигул.

– Фикри ҷудо шуданро аз сарат дур кун. Ту ва фарзандат ҳеҷ гоҳ ба чизе мӯҳтоҷ намешавед. Мероси падарат, ҳам ту ва ҳам фарзандатро басанда аст. Ман гапзанон мекунам, падарат дар оянда Далерро ба вазифаи хубтар мемонад ва ҳатман ба сафарҳои хориҷиаш туро низ ҳамроҳ мегирад.

Мавҷигул бепарвоёна гуфт:

– Не,намешавад. Ин фарзанди Далер нест.

– Чи хел? Агар аз Далер нест, пас аз кист? – ҳайрон пурсид Сайида.

– Муҳим нест. Алакай қарорамро баровардам. Духтури хуб меёбӣ ё не?

– Не намеёбам, – қатъиян ҷавоб дод Сайида. – Ту ин кӯдакро таваллуд мекунӣ ва Далер падари фарзанди ту боқӣ мемонад.

–Чӣ хел? Охир ӯ падари фарзанди ман нест. Падари ин тифл рафиқи наздики ту аз сафорат аст ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест. Ҳамон шахсе, ки ту ба хонаи ман ба меҳмонӣ оварда будӣ, имрӯз ошиқи ман асту ман маъшуқаи ӯ. Падари ин тифл низ ӯст, – рӯйирост гуфт Мавҷигул.

– Он рафиқи ман медонад, ки ту аз ӯ ҳомиладорӣ?

– Не, намедонад.

– Ин тавр бошад, бисёр хуб. Ӯ бояд инро асло надонад ва Далер чун падари воқеии ӯ боқӣ мемонад. Ту ӯро таваллуд мекунӣ ва ман намегузорам, ки туву Далер ҷудо шавед.

Давом дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД