toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
1658

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона беҳтараш нақши оромтарро интихоб кунед. Ташаббуси зиёд метавонад нофаҳмиҳо ба миён оварад ва ҳатто наздиконро ранҷонад. Ба сухани дигарон гӯш диҳед, ҳатто агар худро ҳақ донед. Дар кор имкони баланд шудани обрӯву нуфуз вуҷуд дорад, вале аз муомилоти хавфноки молиявӣ дурӣ ҷӯед. Каме хастагӣ эҳсос мешавад. Барои беҳтар шудани ҳолат гиёҳчой нӯшида, бештар истироҳат кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз эҳтимол худро аз ҳад зиёд қавӣ ва ҷолиб мешуморед, вале воқеият метавонад дигар бошад. Кӯшиш кунед хоксор бошед. Мушкилро бо кумаки наздикон ҳал кардан мумкин аст, аммо дар бораи обрӯи худ фикр кунед. Беҳтараш роҳи созишро интихоб намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ дастгирӣ имконпазир аст. Рӯз барои амалӣ кардани нақшаҳои калон хуб аст. Агар оромона амал кунед, натиҷаҳои хуб ба даст меоред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз эҳсосоти шумо метавонад барои шахси дӯстдошта зиёд ва вазнин намояд. Дар оила нофаҳмиҳо ба осонӣ пайдо мешаванд. Кӯшиш кунед ором бошед ва аз баҳсҳои сахт худдорӣ намоед. Қарорҳои муҳимро ба таъхир гузоштан беҳтар аст, зеро нақшаҳо метавонанд тағйир ёбанд. Муомилае, ки интизораш будед, бекор шуданаш мумкин. Барои беҳтар шудани саломатӣ оббозӣ ё шиноварӣ фоидаовар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз кайфияти хуб доред, аз он барои суҳбатҳои муҳим истифода баред. Ин ба шумо кумак мекунад, ки бо наздикон якдигарро беҳтар фаҳмед. Танқиди онҳо беасос нест, каме ба худ назар кунед. Дар кор бо роҳбарон бодиққат ҳарф занед. Идеяҳои худро ҳоло фош накунед. Агар сафар дар пеш бошад, он хуб мегузарад. Аз кори вазнин худдорӣ кунед, то саломатии шумо осеб набинад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз ҷозибаи шумо хеле баланд мешавад ва дигарон ба шумо таваҷҷуҳ мекунанд. Давраи хуб барои шиносоӣ ва муносибатҳои нав аст. Агар оиладор бошед, ҳам ба дӯстону ҳам ба оила вақт ҷудо кунед. Дар касбу кор гуфтушунидҳо ва ҳамкориҳои нав муваффақ мешаванд. Аз харидҳои калон худдорӣ намоед. Парҳези сабук ба саломатии шумо фоида меорад. Кӯшиш кунед реҷаи ғизоро ногаҳон тағйир надиҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз имкони барқарор кардани оромӣ дар муносибатҳо вуҷуд дорад. Сабр кунед ва ба сухани дигарон гӯш диҳед. Ба фарзандон бештар диққат диҳед, онҳо ба ғамхории шумо ниёз доранд. Дар кор фаъол мешавед ва аз иҷрои вазифаҳо лаззат мебаред. Эҳтимол масъалаҳои молиявиро ҳал кунед. Уҳдадориҳои аз ҳад зиёд нагиред. Барои пешгирии хастагӣ каме истироҳат кунед ва худро аз кори зиёдатӣ ҳифз намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз вақти хуб барои муошират аст. Муносибатҳои дӯстона метавонанд ба муҳаббат табдил ёбанд. Вақти бештарро бо наздикон гузаронед, ин оиларо мустаҳкам мекунад. Қобилияти муоширати шумо дар кор кумак мекунад. Аммо аз корҳои молиявӣ эҳтиёт шавед, зеро хатари зиён вуҷуд дорад. Агар худро каме бад ҳис кунед, истироҳат кунед ва ба саломатии худ аҳамияти бештар диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз барои шиносоии ошиқона ва иштирок дар чорабиниҳо рӯзи хуб аст. Дар оила ба масъалаҳои молиявӣ диққат диҳед. Имкони оғози кори нав пайдо мешавад, ки метавонад ба пешрафти шумо мусоидат кунад. Ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Каме содадилӣ ва бепарвоӣ эҳсос мешавад, бинобар ин худро идора кунед. Аз зиёдаравӣ худдорӣ намоед ва бештар ба тартибу низом аҳамият диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои нигоҳ доштани муносибатҳо бояд ба созиш омода бошед. Ба фикри наздикон гӯш диҳед ва кӯшиш кунед онҳоро фаҳмед. Ба фарзандон ва аҳли хонадон вақт ҷудо намоед. Дар кор имкони пайдо кардани шарикон ё муштариёни нав пайдо мешавад. Сармоягузориҳо натиҷа медиҳанд, аммо эҳтиёт лозим аст. Аз асабоният ва кори вазнин худдорӣ кунед, беҳтараш истироҳат намуда, оромиро нигоҳ доред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз беҳтараш вақти худро бо шахси дӯстдошта гузаронед. Агар дар муносибатҳо сардӣ бошад, онро ислоҳ кардан мумкин аст. Эҳтимоли рашк ва нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Ба саломатии худ аҳамият диҳед, зеро вақтҳои охир хеле серкор будед. Ба маслиҳати дигарон гӯш диҳед ва хоҳишҳои худро муайян созед. Агар худро нотоб ҳис кунед, бештар истироҳат кунед ва хоби кофӣ гиред.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз метавонад хоҳиши барқарор кардани муносибати ошиқонаи пешина пайдо шавад, аммо ин фикри хуб нест. Рӯз барои вохӯриҳо ва истироҳат бо дӯстон мувофиқ аст. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед. Кори шумо аз ҷониби роҳбар қадр мешавад. Ба наздикон, бахусус калонсолон, вақт ҷудо кунед. Имкони даромади хуб пайдо мешавад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ худро аз кори аз ҳад зиёд муҳофизат намоед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз кӯшиш кунед аз муноқишаҳо дурӣ ҷӯед, зеро онҳо метавонанд муносибатҳоро вайрон кунанд. Асабониятро идора намоед ва ба наздикон талаботи аз ҳад зиёд нагузоред. Корҳоро ба таъхир нагузоред, фаъол бошед. Аз харидҳои гарон ва сармоягузории беандеша худдорӣ намоед. Ҳаракати ҷисмонӣ ба шумо кумак мекунад, ки ҳам саломатиро беҳтар кунед ва ҳам рӯҳияро болида нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД