arzon replenishment
ГАДОДУХТАР АРӮСИ МИЛЛИОНЕР ШУДУ...(ҚИСМИ 6)
4920

ДАВОМАШ...

Асабҳои Маъруф дигар тоб наоварда бори аввал ба сари занаш дод зад:

-Дар бағали кадом ҳинду хобида будӣ, ки номи духтаратро Карина гузоштан мехоҳӣ?! Ту ягон зарра хуни тоҷикӣ дорӣ ё не?!

Сарвиноз ҳунгосзанон гиря кард.

-Ин қадар фиқ-фиқ накун, ман туро бисёр эрка кардам, аз худ рафтӣ,-Бонг зад Маъруф ва дарро шатта зада баромада рафт.

Маслиҳати дӯстон

Дилаш кулбори ғам гашта қариб ба кафидан расида буд. Намедонист маддаи дилашро ба кӣ кафонад. Каме андеша карда ба ҷӯрааш Фаридун занг зад ва ӯро ба тарабхона даъват кард, то каме ҳам бошад, ғубори дилашро барорад. Пас аз хӯрдану кабобу нӯшидани чанд ҷоми шароб сараш тасфид ва Маъруф бори аввал аз ҳамсараш ба дӯсташ шиква намуд. Фаридун, ки ба хонаи Маъруф рафту омад дошт ва рафтори Сарвинозро хуб медонист, каме андеша намуда гуфт:

-Ҷӯраҷон, аслан ҳамааш айби худат! Занатро аз аввал эрка кардӣ. Занҳо як одати бисёр бад доранд, диданд, ки гапашон ба шавҳар мегузарад, болои сари мард мебароянд. Ҳоло ҳам сари вақт аст, таноби занатро каш, вагарна оқибаташ бисёр бад мешавад!

-О вай одам аст, гову хар набошад, ки танобашро кашам,-даст афшонд Маъруф, ки сарҳисоби зиндагиашро гум карда буд.

-Бовар кун, ҳоло ҳам дер нашудааст, агар ба гуфти ман амал кунӣ, занат “одам” мешавад. Пеш аз ҳама Сарвиноз бояд зан буданашро эҳсос намояд. Момодоя ва хизматгорзанро ҷавоб деҳ, он гоҳ Сарвиноз маҷбур мешавад, ки ҳамчун зан хонаашро худаш саришта кунад ва фарзандонашро нигоҳубин намояд,-маслиҳат дод Фаридун.

Маслиҳати дӯсташ ба Маъруф хуш омад, вале...

Дайду

Вай ба оҳу нолаи ҳамсараш аҳамият надода якбора ҳам доя ва ҳам хизматгорзанро ҷавоб дод. Акнун Сарвиноз мисли мор ба худ печида намедонист аз шавҳараш чи хел қасос бигирад. Ин ҷавонзани маккора ба зудӣ илоҷи корро ёфт. Акнун баъди ба кор рафтани шавҳараш вай шиками духтарчаашро сер карда, Таҳминаи хурдакакро дар гаҳвора мебаст ва дарро аз болои фарзандонаш қулф карда ба бозор мерафт. Либосҳои қиматбаҳоро харида меоварду ҳамагӣ як бор ба бар карда, сипас дар ҷевон мепартофт ва рӯзи дигар боз роҳи мағозаю бозорро пеш мегирифт. Бечора бачаҳояш мисли ятимакон рӯзи дароз дар хона танҳо ва дар аз болояшон баста буд.

Фоҷиа

Ҷевон пур аз либосҳои занона гашта бошад ҳам, чашми гуруснаи ин гадодухтари пулмаст ҳеҷ сер намешуд. Ҳар рӯз баъди ба кор рафтани шавҳараш ӯ роҳи бозорро пеш гирифта лашу луш мехариду мехарид. Дайдугии ин модари бераҳм оқибат боиси фоҷиа гашт-бо сумкаҳои пурбор аз мағоза баргашта Сарвиноз писарчаи дусолаашро беҳушу беёд пайдо кард. Далери хурдакак об нӯшиданӣ шуда, як термос оби ҷӯшро ба рӯяш чаппагардон карда, чунон сӯхта буд, ки бо диданаш кас ба даҳшат меафтид. Доду фиғон бардошта ҳамсояҳоро ба ёрӣ хонд ва ба шавҳараш занг зада Маъруфро аз фоҷиа бохабар намуд...

Дайдугии ин модари бераҳм оқибат боиси фоҷиа гашт-бо сумкаҳои пурбор аз мағоза баргашта Сарвиноз писарчаи дусолаашро беҳушу беёд пайдо кард. Далери хурдакак об нӯшиданӣ шуда, як термос оби ҷӯшро ба рӯяш чаппагардон карда, чунон сӯхта буд, ки бо диданаш кас ба даҳшат меафтид. Доду фиғон бардошта ҳамсояҳоро ба ёрӣ хонд ва ба шавҳараш занг зада Маъруфро аз фоҷиа бохабар намуд...

Маккораи дурӯғгӯй

Далерро ба духтурхона бурданд. Табибон ҳолати бачаро ниҳоят бад арзёбӣ намуда дар касалхона хобонданд. Сарвиноз бо баҳонаи хурдакак будани духтарчааш аз ҳамроҳи писарчаи сӯхтааш дар бемористон хобидан саркашӣ намуд, Маъруф маҷбур шуд, ки ҳама кору борашро партофта худаш ҳамроҳи кӯдак дар касалхона хобад. Вай намедонист, ки Сарвиноз бачаҳоро дар хона танҳо партофта рафтаасту Далер об нӯшиданӣ шуда термоси пур аз оби ҷӯшидагиро ба рӯяш чаппа кардааст, вагарна худи ҳамон рӯз талоқашро медод. Зани маккорааш ба ӯ дурӯғ гуфта буд, ки вақти термосро чаппа кардани Далер вай дар ошхона хӯрок мепухт. Табибон захмҳои писаракро бо маҳлулҳои гуногун шуста малҳам мемолиданду Далери хурдсол аз сӯзишу дард нолаи ҷонкоҳ мекашид. Дили Маъруф бо дидани ҳоли зори писарчааш хун гашта дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад..

Модари бе раҳм

Сарвиноз чунон бераҳм буд, ки ҳатто либосҳои писараки сӯхтаю беморашро ба хона бурда намешуст. Маъруф бар замми шабҳо то саҳар бо кӯдаки бемор шабзиндадорӣ намудан боз худаш либосҳои пур аз хуну зардоби писарчаашро мешуст. Дар тӯли ду ҳафтае, ки писарчааш ҳамроҳи шавҳараш дар беморхона хобид, Сарвинози сангиндил танҳо чор маротиба онҳоро хабаргирӣ омаду халос. Ҳампалатаҳояш ҳайрон шуда рӯзе пурсиданд:

-Магар писарчаат аз ягон зани дигарат аст, ки ҳамсарат ин қадар дер-дер хабаргирӣ меояд?

ДАВОМАШРО ФРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД