arzon replenishment
Гадоҳо дар рӯзи равшан мардумро ғорат мекунанд (5акс)
3760


Баъзан одамони маъюберо мебинем, ки даст надоранд, пойи равон надоранд, аммо дар аробачаи маъюбӣ нишаста, пойафзол медӯзанд, ашёҳои кӯҳнаро таъмир мекунанд ва бо ягон кори дигар машӯғул шуда, ризқу рӯзиашонро бо меҳнати ҳалол меёбанд, аммо дар баробари ин, шахсони солиме низ ҳастанд, ки чашм ба кисаю дасти дигарон дӯхта, ба гадоӣ рӯз мегузаронанд.

Шояд шумо маро мазаммат карда бигӯед, ки ҳамон гадоҳо аз рӯзи хуш не, аз ночорӣ даст ба сӯйи мар дум дароз мекунанд. Албатта дар байнашон ҳастанд одамони дар ҳақиқат ночор ва дармонда, аммо қисмати зиёди гадоҳои шаҳри мо мардумфиреб ва бе нангу бе номусанд. Дигар шаҳру ноҳияҳоро намедонам, вале аксари гадоҳое, ки дар шаҳри Душанбе талбандагӣ мекунанд, дасту пойи равон, забони гӯё ва чашми бино доранд. Бо чунин қаду қомат, ба қавли пирон, агар кӯҳро зананд, талқон мешавад, аммо танашонро ба кор надода, дасти тамаъ ба сӯйи дигарон дароз мекунанд. Чанд ҳодисаи бо чашми худ дидаамро ба шумо нақл мекунам, то нагӯед, ки ман гадоҳоро туҳмат карда истодаам. Дар маҳаллаи 102-и пойтахт бо зани рӯ ба рӯ гаштам, ки бо нолаву зорӣ кӯмак мепурсид. Зан даст ба сӯйи ман дароз карда, тавалло намуд, ки барояш роҳкиро диҳам, зеро пуле надорад, ки ба хонааш равад. Қариб монда буд, ки гиря кунад. Дилам ба ҳолаш сӯхту ба қадри тавон кӯмакаш намудам. Зан дар ҳаққам дуо карда, дур шуд ва даст ба сӯйи роҳгузари дигар дароз намуда, айнан ҳамон гапҳои ба ман гуфтаашро такрор намуд. Ростӣ, бо дидани ин манзара ҳайратам афзуд, агар танҳо ба роҳкиро ниёз дошт, чаро баъди ба даст овардани маблағи кофӣ боз дасти тамаъ ба сӯйи дигарон дароз мекунад?!

Дар назди донишкадаи санъат бошад, мӯйсафеде бо шиква сӯям даст дароз карда гуфт, ки кадом беимон ва беинсофе пулҳояшро дуздидааст. Аз сари дилсӯзӣ кӯмак кардам, аммо боз ҳамон ҳолати пешинаро дидам. Лаҳзае пас мӯйсафед ба байни роҳ баромада, мисли тӯтӣ ҳамон гапҳоро ба ронандаҳо такроркунон қабза-қабза пул ҷамъ мекард. Инаш дарди бахайр, бегоҳ дар маркази шаҳр бо як гадои дигар рӯ ба рӯ шудам. Бовар кунед дар бӯйи атраш истода намешуд. Роҳгардиҳояшро намегӯед, чунон бо виқор қадам мезад, ки гӯё шоҳзода бошад. Аз фарқи сар то нӯги поямро синчакорона аз назар гузаронида гуфт:
-Хоҳарҷон, ай ҳамиҷа то Қараболора чанқа раҳай?
Гуфтам, ки бисёр аст, чаро мепурсед?
-Пулу телефонма гум кардам, ягон сум намети то хонара брам,-гуфт дар ҷавоб.
Ман, ки аллакай аз ҳиллаву найранги гадоҳо хабардор будам, дар ҷавоб “надорам” гуфта бо роҳи худ рафтам. Аз пасам садои норозиёнаи гадои бо мӯди охирин либос пӯшидаро шунидам, ки мегуфт:
-Рута сиёҳ, ки ту пул надошта бошӣ!
Ҳарчанд сахт қаҳрам омада бошад ҳам, ҷавоби аҳмақ сукут гӯён роҳамро идома додам, вале раҳораҳ аз дил мегузарондам, ки аҷаб замонае шудааст, мардум роҳи осони пулкоркуниро ёфтаанд. Барои чор танга пул шуда, чи корҳое, ки намекунанду чи гапҳое, ки намегӯянд. Яке “писарам дар дами марг аст” гуфта аз мардум пул мепурсад, дигарӣ нони хӯрдан надорам мегӯяду саввумӣ гуноҳро ба гардани дузду ғоратгарӣ набуда бор мекунад.
Бадии кор дар он аст, ки дар байни гадоҳо одамони дар ҳақиқат ба ёрӣ мӯҳтоҷ низ ҳастанд, аммо бо дидани чунин талбандаҳои мардумфиреб дили кас чунон ғаш мекунад, ки дигар ба касе ёрӣ кардан ва садақа додан намехоҳӣ.
Бовар кунед, ҳатто гадоҳое ҳастанд, ки нони даҳони касро мерабоянд. Ин тоифаи гадоҳо он қадар бе рӯй ҳастанд, ки “ҳамин оби дастата метии, ташна мондам, марожнита бте, бихӯрум, самбӯсая худут тоқа мехӯрӣ” гӯён, дар сари роҳу рӯйи роҳ луқмаи дигаронро маҷбуран аз дасташон кашида мегиранд. Ҳайронам, дар шаҳри мо ягон мақомот ё шахсе набошад, ки таноби чунин гадоҳои берӯйро кашад?
Зайнаб Ҳусенова






67424063_654522211696959_2379148428690063360_n

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД