new banner new years
Гармии тобистон ба пӯсти рӯй чӣ таъсир мерасонад?
1380

Тобистон низ фаро расид. Ин фасли пурбору тиллоӣ дар баробари меваю сабзавоти бомазза мушкилоти худро низ дорад. Арақ аз сару рӯйи кас ҷорӣ мешавад, либос ба бадан мечаспад, ороиш об шуда меравад... Барои нигоҳ доштани ороиш ва зебоӣ дар рӯзҳои гарми тобистон чӣ бояд кард?

Имтиҳони пӯст

Фасли тобистон барои пӯсти инсон як имтиҳони ҷиддӣ аст. Дар баробари гармӣ хоку чанг низ ба пӯст таъсири манфӣ мерасонад. Барои он ки бо таъсири ин омилҳо пӯсти шумо дар фасли тобистон пажмурда ва пир нашавад, пӯстро бо намӣ таъмин кардан лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки пӯст аз хушкшавӣ дар амон монда, маҳин ва пуртароват ба назар расад.

Таъсири нурҳои UVA ва UVB

Офтоби сӯзон сохти эпидермисро вайрон мекунад. Нурҳои офтоб ба осонӣ ба қабатҳои амиқи пӯсти инсон ворид шуда, оқибатҳои номатлуб ба бор меоранд. Аслан ду намуди нурҳо вуҷуд доранд - UVA ва UVB, ки барои пӯст хеле хатарноканд.

Қобили зикр аст, ки нурҳои навъи UVA камтар зарароваранд. Навъи якуми нурҳо бо номи UVB танҳо барои ранги дермис масъуланд. Аз ин рӯ, мондани дарозмуддат дар зери ин нурҳо ба ташаккули тан мусоидат мекунад.

Аммо навъи дуюми нурҳо хеле хатарнок буда, сабаби пайдоиши саратони гашта метавонанд. Ин намуди нурҳо аксар вақт меланомаро ба вуҷуд меоранд.

Чӣ бояд кард?

Кремҳои оддӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин нурҳо таъсир намерасонанд. Аз ин рӯ, пеш аз баромадан ба зери офтоб, рафтан ба баҳр ё пикник, шумо бояд креми махсуси офтобиро харед.

Ғизои парҳезӣ хӯред!

Ғизои парҳезӣ дар тобистон барои нигоҳ доштани тавозуни муқаррарии пӯст мусоидат мекунад. Албатта мо ба шумо тавсия намедиҳем, ки пурра аз истеъмоли хӯрокҳои равғанӣ даст кашед, зеро набудани равған метавонад боиси хушк шудани пӯст гардад.вале бештар меваю сабзавот хӯрдан ба манфиати пӯст аст. Витаминҳое, ки дар таркиби меваю сабзавот мавҷуданд, ба пӯсти шумо солимӣ ва зебоӣ мебахшанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД