Сабрро бегоҳӣ Ҳасан ба хона овард. Шаби дароз Сабр аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, худ ба худ гап мезад...
... Худоё, илтиҷо дорам, писарамро ба ман баргардон. Чӣ қадар дарднок аст он лаҳзаи аз хонаи шавҳар маро пеш карданашонро ба хотир овардан. Бе гуноҳу бе сабаб мани ятимро аз фарзанди ҷону ҷигар ҷудо карда пеш карданд. Оҳ, Ҳусейн, писари оча, акаи Ҳасанҷони ман. Агар писарам фаҳмад, ки дугоник додар дорад, чӣ қадарҳо хурсанд мешавад. Аммо ин хунхори Хуршед ҳоло ҳам зиндаву саломат будааст. Аз ин бармеояд, ки аз Афғонистан баргашта, ба тиҷорат машғул шудааст. Ӯ иҷозат медода бошад, ки писарамро гоҳ-гоҳ бинам?
Сабр эҳсос кард, ки ҳоло ҳам баъди ин қадар солҳо ӯ аз собиқ шавҳараш метарсад.
Ҳасан субҳ аз модар пурсид:
- Модар, чаро хоб набудӣ?
- Ҳамту, бачам, ҷавониҳо ба хотирам омад...
Худаш ба Мумтоз занг зада, нишонии Ҳусейнро пурсид. Мумтоз гуфт, ки чӣ даркор аст нишонии ӯ? Сабр гуфт, ки барои беморхона оварданаш миннатдорӣ изҳор карданӣ аст. Мумтоз гуфт, ки беҳтараш рақами мобилии ӯро медиҳад.
Сабр рақами мобилии Ҳусейнро навишту сипас бо шодиву ҳаяҷон рақамҳоро чинд:
- Алло, писарам, Ҳусейн.
- Шумо кӣ?
- Ман ҳамон холаи Мумтоз.
- Ҳа, холаҷон, ассалому алайкум. Сиҳат шудед?
- Бале бачаҷон. Худат чӣ хелӣ?
- Модари ман ҳам бемор шудааст. Ман ҳамроҳаш дар беморхона.
- Кадом беморхона?
- Боз заҳмат накашед. Чашмонаш якбора хира шудаанд. Ҷарроҳии чашм дорад. Ҳама инҷоем.
Сабр гӯширо гузошту аз бераҳмии тақдир зор-зор гирист. Ҷигарбандаш дигар касро модар мегӯяд. Ин қадар сол шабе набуд, ки ёди писари дугоникаш Ҳусейн накунад. Ғами писар ба дарди қалб гирифтораш кард оқибат. Ана акнун писарашро ёфтаасту имкон надорад ба ӯ ҳақиқатро бигӯяд. Метарсад аз собиқ шавҳараш.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН