sebiston july new
Грин-корт: Бахт ба рӯи чанд кас хандид?
617

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон барои миллионҳо одамон пур кардани дархост барои ба даст овардани лотореяи визавии Green Card, ки ба шахс имкони дар Амрико кору зиндагӣ карданро медиҳад, анъана шудааст. Имсол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3580 нафар барандаи он шудаанд.

Дар соли 2022 барои шаҳрвандони Тоҷикистон 2332 ҷой барои квота ҷудо шуда буд ва имсол теъдоди он афзуд.

 

 

Green Card чист?

Diversity Immigrant Visa Program (DV) ин барномаи равобитии мухталиф мебошад, ки ҳамасола аз ҷониби Депортаменти давлатии ИМА барои ҷалби муҳоҷирони фаъол ва инкишофи гуногунмиллатӣ дар Амрико гузаронида мешавад.

Green Card ҳуҷҷати бемуҳлатест, ки пас аз бурд он ҳар даҳсола ба шарти вайрон накардани қонунгузорӣ ва на камтар аз шаш моҳи ҳар сол дар ҳудуди Амрико қарор доштан, дода мешавад.

Шахс пас аз 5 соли бурди Корти сабз метавоанд ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани шаҳрвандии ИМА пешниҳод намояд, ба шарте ки 2,5 сол дар ҳудуди кишвар зиндагӣ карда бошад.

Барои бисёриҳо, варианти лотереяи корти сабз ягона роҳи дастрас ва қонунии кӯчидан ба ИМА мебошад, зеро лотерея хар сол гузаронда мешавад. Новобаста аз шумораи дорандагони корти сабз, ҳамасола 50 000 иштирокчӣ ғолиб меоянд. Ба ин шумора Тоҷикистон низ шомил аст.

 

 

 

Сафар ба Амрико

Баъд аз гирифтани раводид то шаш моҳи баъдӣ мӯҳлати ба Амрико сафар карданро доред. Шумо агар оиладоред ва аъзои оилаатон низ равобитро гирифтаанд, метавонед аввал худ сафар кунед ва пас аз ёфтани ҷойи истиқомату кор онҳоро то тамомшавии муҳлати раводид ба Амрико баред.

Пас аз чанд ҳафтаи зист дар ИМА ба суроғаи амрикоии дар дархости DS-260 нишон додаи Шумо Green Card ва SSN (суғуртаи иҷтимоӣ) мефиристанд.

Бино ба муқаррарот, дарёфти корти сабз ҳанӯз роҳи ҳамвор ба Амрико нест ва кафолати онро надорад, ки шумо виза ё раводиди ин кишварро ба даст меоред.

 

Солҳои охир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти кору даромади бештар ба Амрико рафтаанд. Бархе тақдири худро дар бахтозмоии “грин корт” санҷида, бархеи дигар бо роҳҳои гуногун то сарҳади Мексика мераванду аз онҷо ба Амрико мегузаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Тоҷик аз Амрико 2023-08-17, 20:46
Нодидаҳо дар армон, (орзӯ) Дидагиҳо пушаймон🥲🥲🥲
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Тоҷик аз Амрико 2023-08-17, 20:46
Нодидаҳо дар армон, (орзӯ) Дидагиҳо пушаймон🥲🥲🥲
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД