Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2026, ки аз 3 то 5-уми март дар шаҳри Berlin баргузор мешавад, иштирок дорад.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар доираи ин намоишгоҳ гӯшаи муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон бо сабку услуби миллӣ ташкил гардида, фарҳанг, табиат ва имкониятҳои гуногуни сайёҳии кишварро ба меҳмонон муаррифӣ мекунад.