Arzon march 2024
Гӯшти ҳайвони дар баданаш "Аллоҳ" навишташударо хӯрдан мумкин аст?
1209

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан аксҳое нашр мешаванд, ки гӯё ҳайвонҳо бо навиштаҷоти “Аллоҳ” ва “Муҳаммад” таваллуд шудаанд. Гӯшти чунин ҳайвонҳоро хӯрдан мумкин аст?

ПАРВИЗ, ш. Истаравшан

Посух:

- Имрӯзҳо имконияти техникӣ зиёд аст ва аксари аксҳое, ки дар интернет пахш мешаванд, сохта ҳастанд. Бинобар ин, баробари дидани аксҳо бо навиштаҷоти “Аллоҳ” ва “Муҳаммад” онҳоро муъҷиза пиндоштан ва эътиқод кардан дуруст нест.

Намояндагони раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳайвон ё сангу чӯбе, ки дар он номи Худову паёмбараш Муҳаммад (с) нақш бастааст, набояд муқаддасот сохт ва ба он эътиқод кард.

Ба қавли донандагони нозукиҳои илми илоҳӣ куштану хӯрдани гӯшти ҳайвоне, ки дар баданаш калимаи “Аллоҳ” ё “Муҳаммад” навишта шудааст, аз нигоҳи ислом раво аст. Танҳо баъди куштан, пӯстеро, ки чунин навиштаҷот дорад, зери по наандозанд, чунки ин як навъ таҳқири номи Худо ва Расули ӯ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД