Arzon march 2024
Гуландом: Шавҳарам маро қонеъ карда наметавонад
7320

-Чанд маротиба хостам ба шаҳри Душанбе ба идораи газета рафта, саргузаштамро ба журналистон нақл кунам, вале дастам нарасид. Барои ба Душанбе рафтан пул даркор. Ман, як зани бесавод, фаррош, аз куҷо ин қадар пул меёбам?!

иро ба журналистон қисса кардан мехостед?

-Дар Данғара ман худам танҳо зиндагӣ мекунам. Падару модарам аз дунё гузаштанд. Як апа дорам, ки ба зиндагии худаш овора аст, акаам бефарзанд ва бо ғаму дарди худаш машғул, касе дарди диламро намепурсад.

-Магар касе шуморо мезанад, озор медиҳад?

-Азоби ҷисмонӣ не, азоби руҳӣ мекашам. Маро то имрӯз ягон кас назадааст, ҳатто ҳамин одам низ (ба ангушташ ба тарафи хонаи муаллим Туманов ишора мекунад).

-Аз чӣ азоби руҳӣ мекашед?

-Бахт аз аввал ба рӯйи ман нахандид. Мактаби миёнаро хатм намуда, ба омӯзишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридам, вале аз мандат нагузаштам. Як соли умрам беҳуда нагузарад гуфта, ба курси дӯзандагии Литсеи касбомӯзӣ дохил шуда, онро хатм намудам. Дар синни 19-солагиам бо падари Насиба шинос шудам ва ӯро дӯст доштам. Ишқи аввалам аст ва то имрӯз дӯсташ медорам.

-Пас, чаро ба ӯ ба шавҳар набаромадед?

-Марди зандор буданашро намедонистам. Вақте ки ҳомиладор шудам, хоҳиш намудам, ки тӯйро ҳарчӣ зудтар гузаронанд, вале дар ҷавоб гуфт, ки ман зану фарзанд дорам, туро ба занӣ гирифта наметавонам. Ҳамин хел мо аз ҳам ҷудо шудем.

-Падару модаратон ҳомиладории шуморо чӣ хел қабул карданд?

-Кадом тоҷик ба духтари бе тӯй ҳомиладоршуда рӯйи хуш медиҳад?! Муносибати дурушти пайвандонам, нигоҳҳои нафратангези апаву модарам ҷони маро ба лабам овард ва тарки манзили падар намудам. Хостам ба хонаи волидони ошиқам раваму ошкоро бигӯям, ки писаратон маро беобрӯ кард, лекин фикри ду кӯдакашро карда, аз фикрам гаштам. Намехостам, ки онҳо бепадар монанд. Аз ночорӣ чанд маротиба қасди худкушӣ намудам, аммо мурдан дар насибам набудааст....

-Падари фарзандатон дигар шуморо суроғ накард?

-Вақте дар таваллудхона будам, ба суроғам омада гуфт, ки кӯдакро ба гардан мегирам, духтари ман аст, лекин ман розӣ нашуда гуфтам, ки ба хотири мо оилаатро вайрону бачаҳоятро бе падар макун.

-Баъди аз таваллудхона баромадан дар куҷо зиндагӣ мекардед?

-Ҷои рафтан надоштам, чунки бо тифли бе никоҳ касе маро дар хонааш роҳ додан намехост. Ду моҳ дар ба дари хонаи мардум гашта, азобҳои зиёде кашидам. Ҳар боре, ки ба тифли маъсум менигаристам, ҷигарам хун мешуд.

о муаллим Рустам Туманов бо розигии худатон хонадор шудед?

-Ман фақат ба хотири Насиба бо ин марди калонсол хонадор шудам. Фарзанди аввалам аз ин мард вафот кард, баъд солҳои 1996-2006 аз ин мард чор духтари дигар таваллуд кардам. Падарашон аз дар берун буд ва зиндагиро таъмин мекард. Тамоми кори хона бар дӯши худам буд. Шавҳарам марди доранда, гову молдор ва кори бори хона бисёр буд. Аз паси ташвишҳои зиндагӣ овора шуда, нафаҳмида мондам, ки умрам чӣ гуна гузашт. Дигар на ба хонаи модар рафтаму на чизу чораамро аз хонаи волидонам овардам...

-Рустам Туманов ҳамчун мард чӣ гуна инсон аст ва чаро шумо шавҳари дигар кардед?

-Падари фарзандонамро ганда намекунам. Рустам Туманов камтар якрав бошад ҳам, одами бад набуд, вале пир шудааст. Ман ин гапро дар сари суд низ ошкоро гуфтам ва боз такрор мекунам, ки солҳои охир вай ҳамчун мард маро қонеъ карда наметавонист. Ман ҳанӯз ҷавонам ва дилам оғӯши гарм мехоҳад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Чоми 2019-08-12, 21:28
Ин маколаи бе маъно, хеч нафахмидам, ки ин зан чанд сола? Дар сурат кампири 80 солае, ки соли 2006 таввалуд кардаст ва агар мардакаш конеъ карда натавонад, суд дар ин масъала чи тавр ёрдам хохад кард !?
Посух
Фаридун 2019-08-13, 09:16
Пир буданаша дар вакташ фикр мекардед акнун,ки якбора пир шуд киха шуд?🤔сабр кун дигар ягон рох надори ба хотири нафси шахвони боз ба ягон рохи бад нарави бо "АЗ ПИР РОНДА АЗ ЁШ КАНДА"шави.

Бону 2019-08-16, 22:50
Ман кисаи ин занро хонда будам....Садкаи номи Гуландом шави ту... Бо харомият хамин мард туро зан кард дар вакташ ошикат туро партофт. Боз кинои хинди накл карда мардума гул назан!Э шарманда дар вакташ тардомани бероха будаи пир шуда аклат надаромад?! Замин туро фуру барад бо конеь шуданат мур! Хайр Туманов конеь накунад хамсояхора хашар фаред мекарди....Беру садкаи хамун духтарои хушру шави хайрият ба туи хохошка нарафтаанд.....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД