sebiston july new
Гулбаҳор дар бистари беморию фарзандаш дар ятимхона
1135


Сарнавишти талхи як зани тоҷик, ки дар Русия таваллуд карда ба кома афтид ва чанд боз азоб мекашад. Гулбаҳор Бобоева 33-сол дошта, мисли ҳазорон-ҳазор тоҷикони дигар ҳамроҳи шавҳари муҳоҷираш ба Русия рафта буд, аммо бахт ба рӯйи ин оила нахандид.

Рӯзи 30 апрели соли 2022 ин зани тоҷикро дарди зодан гирифт ва ӯро ба таваллудхонаи шаҳри Гусь-Хрустальнаяи вилояти Владимир бурданд. Гулбаҳор тифли нахустанашро дар ин таваллудхона ба дунё овард ва ҳаноми таваллуди кӯдак дилаш ду бор аз кор монд.

Табибон дар пайвастани мариз ба дастгоҳи нафасгирӣ каме дер карданд ва майнаи сари зан чанд муддат бе ҳаво (кислород) монда, Гулбаҳор ба ҳолати кома афтод. Ин зани тоҷик чанд моҳ дар мулки ғурбат дар ҳоли мадҳушӣ буд ва табибон ба зинда монданаш умед надоштанд. Шавҳараш маҷбур шуд, ки тифли навзодро ба хонаи кӯдакон “Дом малютка” супурда аз паси табобати Гулбаҳор шавад.

              Бемории зану азоби шавҳар
“Қариб ду моҳ пеш ҳамсарамро аз бемористон ба хона овардам. Махсус хонаи дуҳуҷрагӣ иҷора гирифтам, чунки мехостам писарамон Салмонро ҳам билохира аз “дом малютки”, ки аз рӯзи таваллудаш инак қариб 9 моҳ боз онҷо калон шуда истодааст, бигирам ва ба хона, ба пеши модараш биорам, вале мутаассифона, ҳанӯз вазъи модараш ба андозае хуб нест, ки Салмонро аз “дом малютки” бигирем”-гуфтааст Сорбон Қодиров, ҳамсари Гулбаҳор Бобоева ба “Бомдод”

Ин мард муддати 9 моҳ боз занашро мисли кӯдаки хурдсол нигоҳубин ва парасторӣ менамояд. Ба гуфти шавҳараш имрӯзҳо ҳоли Гулбаҳор каме беҳтар шудааст, вале ҳанӯз қуввати нигоҳубин кардани тифлаки худро надорад.

“Ҳамсарам то ҳол фарзандашро ягон бор ба дасташ нагирифтааст. Ҳар гоҳ, ки ба “дом малютки” равам, тавассути видео тамос мегирам ва хоҳиш мекунам, ки телефонро пеши модараш баранд, то писарамон Салмонҷонро бубинед. Ба назар мерасад, ки мешиносад, чунки чашмонаш медурахшанд ҳангоми дидани Салмон, вале ҳанӯз он қадар ҳушаш ба ҷо наомадааст, ки эҳсосашро баён кунад...”-қисса кардааст шавҳари Гулбаҳор.

Сорбон охирин маблағи дар даст доштаашро сарф намуда, занашро ба шаҳри Маскав, ба Маркази илмии неврология бурдааст. Табибони ин маркази муътабари тиббӣ ба хулосае омадаанд, ки Гулбаҳор Бобоева шанси дубора ба по рост шудан дорад, вале бояд давраи хеле тӯлонии реабилитатсияро гузарад.

Ин хулосаи табибон аз як тараф шавҳарашро хурсанд карда бошад, аз ҷониби дигар хеле ғамгин ва афсурдаҳол гардонидааст, чунки тамоми дороияшро сарф кардаву дигар барои идома додани табобат ягон имконияти молиявӣ надорад. “Ташаккур ба ҳамватанон, ки кӯмак карданд ва дар лаҳзаҳои сахт дастгирамон шуданд, вале дар ин 9 моҳ ҳама чизе, ки доштем, сарф шуд, ҳатто як порча заминеро, ки бо нияти сохтани хона дар як гӯшаи Ҳисор гирифта будем, фурӯхтем.

Чанд рӯз пеш барои харидани дорӯи даркориаш пул наёфтам, маҷбур шудам, ки телефонашро фурӯшам. Охирин пуле, ки доштам, ҷамъ кардаму ба Маскав бурдамаш, ки ба табибони беҳтарин нишонаш диҳам. Онҳо гуфтанд, ки бояд чанд моҳ давраи реабилитатсияро гузарад. Ба чанд маркази реабилитатсионӣ муроҷиат кардам. Аз ҳама арзонаш барои 21 рӯзи табобат 721 ҳазор рубл талаб кард. Ин боз аз ҳама арзонаш.

Ман 9 моҳ боз ягон кори дуруст карда аметавонам, чунки ҳамсарам дар хона ба касе эҳтиёҷ дорад, ки 24 соат аз қафояш бошад, нигоҳубинаш кунад.Худам устои мошинам ва гоҳ-гоҳ барои тармими ягон мошин даъватам мекунанд, аз ҳамон ҳисоб рӯз мебарем, вале зани беморамро танҳо монда, ҳар рӯз ба кор баромада наметавонам.

Аз ҳамин сабаб, ба хулосае омадам, ки ӯро ба Тоҷикистон барам, чунки зӯрам барои пардохти пули марказҳои реабилитатсионӣ намерасад. Барои ба Тоҷикистон бурдани Гулбаҳор ҳам пул надорам. Сипосгузор мешудам, агар ҳамватанон дар ин рӯзҳои душвор як бори дигар ба кӯмаки мо мерасиданд ва ҳамсарамро бо фарзандам ба Ватан мебурдам. Дигар ҳарчӣ бодо бод! Он тарафаш ҳама умедро ба Худованди таоло мебандем, ки худаш шифояш бидиҳад...”-гуфтааст шавҳари Гулбаҳор.

Бисёриҳо ба мардони тоҷик эрод мегиранд, ки сангиндиланд ва агар ҳамсарашон аз маризие аз по биуфтад, хеле зуд аз вай дил карда, дар пайи издивоҷ бо хонуми дигаре мешаванд, вале Сорбон Қодиров муддати 9 моҳ боз содиқона аз паси табобати ҳамсараш аст ва тамоми дороии худро сарфи Гулбаҳор намудааст. Рафтори ин мард намунаи беҳтарини ҷавонмардии мардони тоҷик аст. Даро ҳақиқат осон нест муддати 9 моҳ дар мулки бегона бемордорӣ кардани як мард.
Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ!

Умедворем, ки шумо нисбати тақбири ин оилаи тоҷик бе тараф намемонед ва дар ин рӯзҳои сахт дасти Гулбаҳор ва шавҳарашро гирифта барои табобати ин зани тоҷик ва бозгашти онҳо ба Ватан ёрии худро дареғ намедоред. Онҳое, ки имконият ва хоҳиши ба ин оила кӯмак кардан доранд, метавонанд кӯмакпулии худро ба ин суратҳисоб гузаронанд:
Рақами корти бонкӣ барои фиристодани кумакҳо:
Сбербанк 4279 3806 3985 9067 Сорбон Аслиддинович
Телефони Сорбон Қодиров барои тамоси мустақим:
+7 977 114 24 75 (What’sApp ҳам дорад)
Аз онҳое, ки имкони кӯмаки молиявӣ расониданро надоранд, хоҳиш мекунем, ки барои шифо ёфтани ин модари ҷавони тоҷик ва ба дидори фарзанди навзодаш расидани Гулбаҳор дуо кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД