shoh palace
Гулбаҳор вақти таваллуди фарзанд ба кома афтиду…
1047


Як зани тоҷик бо исми Гулбаҳор ҳангоми таваллуди фарзанд дар Русия ба кома афтида, беш аз 50 шабонарӯз аст, ки беҳушу беёд мехобад.

Табибони рус вазъи саломатии ин занро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд. Тифли навзоди Гулбаҳорро ба “Хонаи кӯдакон” супурдаанд...
Бобоева Гулбаҳор Ашӯрмаматовна, санаи таваллудаш 23- марти соли 1989, ҳанӯз аз 2-май дар бемористони вилоятии клиникӣ дар вилояти Владимири Русия дар ҳолати кома (мадҳушӣ) қарор дорад. Гулбаҳор рӯзи 2 –юми май бо сад умеду орзуҳои ширин барои таваллуди фарзанди нахустинаш пой ба бемористон ниҳода буд, вале ҳангоми тавлиди кӯдак ду маротиба дилаш аз кор монда, ба кома афтидааст.
Сорбон Қодиров, ҳамсари Гулбаҳор мегӯяд, инак 50 рӯз мешавад, ки занаш бе ҳушу беёд аст.
Хушбахтона, табибони рус тавонистаанд бо усули ҷарроҳии чоки қайсар тифлро зиндаву саломат аз батни модар берун оранд, аммо вазъи саломатии худи Гулбаҳор бениҳоят вазнин ва ташвишовар аст.
Тифлаки маъсум қариб ду моҳа шуда бошад ҳам, то ҳол лаззати шири модарро начашидаву аз гармии оғӯши модар баҳра набурдааст.
Бо сабаби ба кома афтодани модараш табибон навзодро муввақатан ба “Хонаи кӯдакон” супурдаанд.
Дар санаде, ки беморхонаи вилоятии клиникӣ додааст, саломатии ин модари ҷавони тоҷик хеле вазнин ва ӯро ғайри қобили интиқол арзёбӣ мекунанд.
“Худованд касеро ба чунин рӯзи сахт гирифтор накунад! Рӯзҳое, ки ман дида истодаам, Худо ба душмани кас нишон надиҳад. Дар тӯли ин 50 рӯз ҳар рӯз 120 километр роҳро тай карда, ба хабаргирии ҳамсарам мерафтам. Дом малюткае, ки фарзандамро он ҷо ҷой кардаанд, аз беморхонаи вилоятӣ 90 километр дур аст. Ман боз 90 километр роҳро тай карда, барои дидани фарзандам мерафтам, ки аз навозиши модар маҳрум ҳам бошад, ҳадди ақал аз меҳру навозиши падар маҳрум намонад. Ҳар рӯз фақат як тараф роҳи ман беш аз 200 километр мешуд”-гуфтааст шавҳари Гулбаҳор, ки имрӯзҳо дар ҳоли яъсу навмеди умр басар мебарад.
Сорбон Қодиров қариб ду моҳ боз шабу рӯз дар пушти дари бемористон аст. Мард хеле мехоҳад занашро ба ягон маркази реабилитатсионӣ барад, вале барои Гулбаҳори дар кома бударо барои табобат ба ягон беморхонаи пулакӣ бурдан имкони молиявӣ надорад. Сорбон дар табобати ҳамсараш аз ҳамватанони дастбахайр кӯмак хоста, аз онҳое, ки имкони кӯмаки молиявӣ расониданро надоранд, хоҳиш кардааст, ки барои шифо ёфтани модари фарзандаш дуо кунанд, то Гулбаҳор аз кома баромада, тифлаки навзодашро ба оғӯш бигирад.
Телефони Сорбон Қодиров барои тамоси мустақим:
+7 977 114 24 75 (What’sApp ҳам дорад)
Рақами корти бонкӣ барои ироаи кӯмакҳо:
4279 3806 3985 9067 Сорбон Аслиддинович

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД