Formula september
Гунаҳкорони марги тоҷикбача дар Россия ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
752


Дар пойтахти Россия-шаҳри Маскав вобаста ба марги фоҷиавии се муҳоҷири меҳнатӣ, ки ба чоҳи канализатсионӣ афтода, ҷони худро аз даст доданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ин ҳодисаи нохуш рӯзи 7август рӯй дода, ҳангоми иҷрои корҳои тармимӣ дар як чоҳи канализатсионӣ дар кӯчаи Краснодарскаяи минтақаи Люблинои Маскав бар асари боришоти зиёд девори чоҳ канда шуда, якбора 13 нафар коргарон ба қаъри чоҳ афтоданд. Хушбахтона, 6 нафар тавонистанд мустақилона бароянду 4 нафари дигарро кормандони МЧС аз чоҳ берун кашиданд, вале зинда пайдо кардани се коргари дигар, ки ҳамагӣ муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ будаанд, муяссар нагашта, наҷотдиҳандагон ҷисми бе ҷони онҳоро тақрибан ду километр дуртар аз ҷойи ҳодиса ёфтанд...

Дар ин фоҷиа ду муҳоҷири меҳнатии 19 ва 20 сола аз Қирғизистон ва як муҳоҷири 21-сола аз Тоҷикистон ҷони ҷавони худро аз даст доданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Россия ваъда додааст, ки дар овардани тобути муҳоҷири ҷавонмарг ба Ватан ёрӣ расонида, ба пайвандонаш ҳаматарафа кӯмак мерасонад.

Прокуратураи шаҳри Маскав аллакай ба санҷиши сабабҳои ин ҳодиса оғоз намудааст. Тавре ки расонаву хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла ТАСС менависад, кормандони прокуратура то кадом андоза риоя шудани қоидаҳои бехатариро ҳангоми иҷрои кор мавриди санҷиш қарор дода, камбудиҳои зиёдеро ошкор намудаанд ва айни замон бо қисми 3-и моддаи 216-и Кодекси Ҷиноятии Россия (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор, ки боиси марги 2 ва аз ин зиёд одамон аз беэҳтиётӣ гаштааст) парвандаи ҷиноӣ ғоз карда шудааст ва тафтишот идома дорад.

Муҳоҷирони фавтида дар як ширкати хусусӣ кор мекардаанд ва сардори ин корхона, ки 38 сол дштааст, аллакай аз ҷониби мақомоти тафтишот боздошт шуда, амалиётҳои тафтишотӣ идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД