formula
Идгардаки кӯдакон хуб аст ё бад?
451
no-img



Иди нав муборак
Кулчаҳотон қаторак
Як танга, ду танга
Аз хона барор янга

Беш аз ҳазор сол аст, ки тамоми мардуми мусалмон идҳои динии худ-иди саиди фитр ва иди қурбонро ҷашн мегиранд, вале анъанаҳои идона аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аҷибаш он аст, ки натанҳо ҳар як миллат ин идҳоро ба таври худаш ҷашн мегирад, балки ҳатто аҳли як миллату як забон низ анъанаҳои хоси хешро доранд, ки дар дигар минтақаҳо дида намешавад. Сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистони зебои мо иди саиди фиктрро чи тавр таҷлил менамояд?

Идгардаки кӯдакон

Анъанаи аз ҳама машҳур дар идҳои мусалмонӣ идгардаки кӯдакон аст. Дар ҷамъияти мо расм шудааст, ки дар рӯзи идҳои рамазон ва қурбон кӯдакон даста-даста ҷамъ шуда ба қавле хонагардак мекунанд ва пеши дари ҳар як хонадон истода, шодона нидо мекунанд:
Иди нав муборак,
Тухмакотон қаторак!
Як танга, ду танга,
Аз хона барор янга.
Маъмулан кадбонуи хонадон кӯдакони ба идгардак омадаро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, ба онҳо ширинӣ, тухми ҷӯшонидашуда, сақич (жвачка), хурӯсқанд , ё ба қавли дигар идгардак ба монанди тухми ҷушондашуда, сачиқ (живачка), хурусак, пуфак, ангуштаринча барои духтарон ё мошинчаи хурдакак барои бачагон ё ягон туҳфаи дигар медиҳанд. Ин анъана дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале минтақаҳое ҳастанд, ки кӯдакон аслан ба идгардак намераванд.
“Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” гуфтаанд, биёед анъанаҳои идонаи ҳар минтақаро аззабони намояндагонашон бишнавем.

Иди фитр дар Варзоб

Матлуба аз ноҳияи Варзоб зимни сӯҳбат бо мо гуфт, анъанаи идгардаки кӯдакон дар Варзоб хле пурҷушу хурӯш мегузарад.
“Ҳар сол наздики 300-350 дона пуфак ё сақич тақсим мекунем. Вақте хушдомани худораҳамитиям зинда буданд, 10 қуттӣ тухм меҷӯшонданд ва ҳамаашро ба кӯдакони идгардак омада тақсим мекарданд. Тухмро танҳо аз ҳисоби пасандоз ё нафақаи худашон харида мегуфтанд, ки ин ба монанди закот додан ҳисоб мешавад”-қисса мекунад Матлуба.

Дар Панҷакент дар рӯзи ид ба кӯдакон пул медиҳанд?

Меҳрдод аз деҳаи Дашти Қозии Панҷакент ҳангоми сӯҳбат гуфт, дар водии Зарафшон кӯдакон идгардак намекунанд, ҳадди ақал ин анъана дар деҳаи мо вуҷуд надорад. Сокинони Панҷакент дар рӯзи иди саиди фитр аввал ба хонаҳои азодор, баъдан ба аёдати беморон мераванд, пас аз ин ба хонаи хешу табор меҳмонӣ рафта, фарзандонашонро бо худ мебаранд. Вақте ки меҳмоне ҳамроҳи кӯдаконаш меояд, соҳибхона ба қадри ҳиммати худ ба кӯдакони меҳмон пул медиҳад.
Кӯдакони ҳисорӣ идро чи гуна ҷашн мегиранд?
Холаи Зӯҳро аз деҳаи Сомони Шаҳри ҳисор нақл кард, ки анъанаи идгардак дар Ҳисор низ ба ҳукми анъана даромадааст.
“Хонаи мо дар байни кӯча аст ва кӯдакони бисёре ба идгардак меоянд. Ҳар сол наздики 450-500 дона идгардак тақсим мекунам. Ин кор бароям лаззатбахш аст, чунки кӯдакон идгардакро гирифта, хурсанд мешаванд. Ҳар чи медиҳем, садқаи сарашон бошад! Як хандаи кӯдакон ба дунё меарзад”-мегӯяд ин зани рӯзгордида.

Дар Ваҳдат чӣ хабар?

Маҳина аз шаҳри Вҳдат гуфт, азбаски хонаи мо дар байни деҳа аст, ҳар сол тахминан 250-300 кӯдак ба идгардак меоянд ва барояшон ширинӣ, тухм ё бозичаҳо медиҳем.
“Модарам муалимма ва ба ин хотир “шинос”-ҳояш зиёд аст, барои ҳамин ҳар сол барои идгардак тухму сақичу шириниҳои биёр мехарем, то ягон кӯдак бе насиб намонад”-мегӯяд Маҳина.

Дар Мӯминобод ба кӯдакон идона медиҳанд

Мирсаид аз ноҳияи Муъминобод мегӯяд, урфу одати мо низ чунин аст, ки дар иди рамазон ба кӯдакон идона медиҳанд.
“Ман чанд бор дар ноҳияи Шаҳритуз ҳам будам ва идкунии онҳоро мушоҳида кардам. Як одати хуб доранд, ки дар рӯзи ид аввал ба хонаи мурдадорҳо мераванд, ояту фотиҳа мехонанд, баъд ба аёдати беморон ва пирон рафта, ба қадри ҳиммати худ чизе хайр мекунанд, то ки дили одамони солманд ва маризро ба даст оварда, дар рӯзи ид онҳоро хурсанд созанд. Дар иди қурбон ҳам мол қурбонӣ карда, гӯшти хоми қурбонӣ ё хӯрок тайёр намудаи худро аввал ба ҳамин тоифа мебаранд ва баъд ба дигарон тақсим мекунанд. Ман фикр мекунам, ин беҳтарин одат аст”-мегӯяд Мирсаид.
Конибодомиҳо дар Душанбе
анъанаи шаҳриро ба ҷо меоранд
Нигора идгузаронии худро нақл карда гуфт, дар

Конибодом кӯдакон барои ширинӣ ба идгардак намераванд.

“Дар он ҷо дар иди саиди фитр анъанаи дастурхон оростан вуҷуд надорад. Фақат калонсолон ба хонаи азодорону бемордорҳо рафта, дуою фотиҳа мехонанад, вале дар Душанбе ҳар сол мо мисли ҳамсояҳо дастархони пурнозу неъмат ороста, ба кӯдакон шодиёна медиҳем, яъне урфу одати шаҳриро иҷро мекунем”-мегӯяд Нигора.

Равоншиносон чӣ мегӯянд?

Мадина Эргашова духтур-психолог дар мавриди идгардаки кӯдакон назари худро чунин байён намуд:
-Албатта барои кӯдакон, ки якҷоя мегарданду аз калонсолон туҳфаҳои гуногун дарёфт мекунанд, идгардак фарҳбахш аст. Шодию хурсандии худро онҳо боз чандин вақт ба ёд оварда, қиссаи идгардакравиашонро ба дӯстонашон нақл мекунанд. Аммо аз ҷониби дигар кӯдаконе ҳам ҳастанд, ки волидонашон ба онҳо иҷозати ба идгардак рафтанро намедиҳанд ва нақлҳои дигар кӯдакон онҳоро ғамгин месозад. Идгардак боз чанд ҷиҳати манфии дигар ҳам дорад, масалан баъзан кӯдакони хурдсол аз рафиқонашон ақиб монда, роҳгум мезананд. Ҷиҳати дигари манфии ин амал дар он аст, ки кӯдакон роҳи муфт ба даст овардани чизеро ёд мегиранд. Кӯдак бояд аз хурдӣ омӯзад, ки барои чизеро ба даст овардан, меҳнат кардан лозим аст. Эҳтиёткориро аз даст надода, фарзандонро ба ҳаволаи худо партофтан лозим нест.

ИД МУБОРАК!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД