goodwell
Иди Зафар муборак, ҳамдиёрон!
09.05.2026
Oila.tj
23

Бар мардумони бедор иди Зафар муборак!

Бар ҳомиёни ҳушёр иди Зафар муборак!

Бар ошиқони Меҳан, бар боғу роғу гулшан,

Бар аскари сазовор иди Зафар муборак!

Бар чашмаҳои ҷӯшон, бар лолаи гулистон,

Бар ламъаи нуру нор иди Зафар муборак!

То ҳол аҳли олам раҳпоӣ менамояд,

Бар синаҳои афгор иди Зафар муборак!

Аз хоки ҳар шаҳиде ояд садои нола,

Бар қалби зору бемор иди Зафар муборак!

Бар хотири падарҳо, бар лаҳзаи зафарҳо,

Бар дилбари вафодор иди Зафар муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД