Идоракунии “Дрон”-ро ба таври ройгон омӯхтан мехоҳед?
81

Дар Тоҷикистон як лоиҳаи нави омӯзишӣ оғоз ёфтааст, ки дар доираи он ба хоҳишмандон идора кардани дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, яъне “Дрон” ба таври ройгон омӯзонида мешавад.

Шахсони синнашон аз 16 то 70-сола метавонанд дар муддати ду моҳ тарзи идора кардани дастгоҳҳои парвозкунандаро омӯхта, соҳиби сертификати байналмилалӣ гарданд.

Дарсҳо ҳар рӯз дар ду баст - аз соати 9:00 то 12:00 ва аз 14:00 то 17:00 гузаронида мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки иштирокчиён вақти барои худ мувофиқро интихоб намоянд.

Иштирокчиён пас аз хатми курс соҳиби сертификати байналмилалӣ, тавсиянома барои кор ва стипендияи якдафъаина дар ҳаҷми $120 хоҳанд гашт.

Дар рафти омӯзиш диққати асосӣ ба истифодаи дронҳо дар хоҷагии қишлоқ барои пошидани нуриҳо, зиёд кардани ҳосил ва кам кардани хароҷот равона карда мешавад.

Омӯзиши операторони дастгоҳҳои бесарнишин дар Маркази рушди малакаҳои шаҳри Душанбе ва панҷ маркази дигари минтақавӣ дар Роғун, Данғара, Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД