sebiston july new
Қиёматдар хоб чӣ таъбир дорад?
4122


Вақтҳои охир тез-тез рӯзи қиёмат ва доду фиғони одамони ваҳшатзадаро хоб мебинам. Ростӣ сахт метарсам, ки ба сарам ягон фалокати бузург наояд. Мехоҳам донам, ки қиёмат дар хоб чӣ таъбир дорад?
М, сокини ш. Душанбе.

Посух

Хобҳо аслан раҳмонӣ ва шайтонӣ мешаванд. Хобҳои шайтонӣ хобҳое мебошад, ки зери таъсири тамошои филмҳои ваҳшатангез ё бозиҳои компютерӣ мебинем, хобҳои раҳмонӣ бошад, як василаи огоҳ сохтани инсон аз пешомадаш буда, аз сар задани ягон рӯйдоди хуб ё бад дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳанд. Баъзан инсон аз асабоният низ ҳар хел хобҳои даҳшатнок мебинед. Акнун меоем сари мавзӯи қиёмат дар хоб.
Тибқи хобномаҳои исломӣ, агар инсон хоб бинад, ки дунё ба охир расида, рӯзи қиёмат фаро расидааст ва замин метарканду одамон доду фиғон доранд, ин маънои онро дорад, ки дар майнаи шахси хоб дида тарси марг амиқ ҷойгир шудааст ва ё дар ҳаёти шахсиаш мушкилоти зиёде дошта, ҳолати равониаш хуб нест. Таъбиргарон мегӯянд чунин хоб ба вайроншавии муносибатҳо ишорат мекунад.

Духтар ё ҷавони муҷаррад хоб бинад,ки қиёмат қоим шудааст, аз дӯстдошааш ҷудо мешавад. Зани шавҳардор чунин хоб бинад, шавҳараш ӯро талоқ медиҳад ё муносибатҳои оилавиашон бо сабаби дахолати дигарон ба ҳаёти онҳо вайрон шуда, байнашон ҷангу ҷанҷоли зиёде сар мезанад.

"Дидани қиёмат дар хоб метавонад ҳамчунин гувоҳӣ бемории сахт ва ё наздик будани марги ягон шахси наздики хобдида бошад. Қиёмат дар хоб ба мушкилоти молиявӣ низ алоқамандӣ дорад ва шахсе, ки чунин хоб мебинад, метавонад муфлис, яъне “бонкрот” шавад."

Аммо ин маънои онро надорад, ки баъди дидани чунин хоб дар ҳаёти шумо ҳатман ягон ҳодисаи нохуш рӯй медиҳад. Тавре ки гуфтем, одам аз асабоният низ чунин хобҳои даҳшатнок дида метавонад, ки танҳо хоб буда, ягон оқибати бад надоранд. Тибқи баъзе хобномаҳои Ғарбӣ бошад, дидани қиёмат дар хоб баръакс хуб аст ва ба сар задани рӯйдодҳои хурсандибахш дар ҳаёти инсон далолат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД