Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар танҳо бошед, имрӯз барои шиносоии нав омода бошед. Аз одатҳои ҳамешагӣ берун бароед ва ба имкониятҳои нав роҳ диҳед. Агар дар оила баҳсу нофаҳмиҳо зиёд шуда бошанд, тарзи гуфтугӯро тағйир диҳед ва мушкилотро якҷоя ҳал кунед. Кори иловагӣ ё сафари кориро рад накунед, он метавонад ба пешрафти касбиатон кумак кунад. Имрӯз бобарор аст, аммо аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Нимаи аввали рӯз эҳсоси хастагӣ ва беҳаракатӣ мумкин аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ баъзе нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Шояд атрофиён суханҳои шуморо дуруст нафаҳманд. Аз ҳад зиёд якравӣ накунед ва ба фикри дигарон низ гӯш диҳед. Корҳоро ба фардо нагузоред. Аз корҳои хурд оғоз кунед ва мушкилоти ҷамъшударо тадриҷан ҳал намоед. Барои пешрафти касбӣ имрӯз шитоб накунед ва бо роҳбарият суҳбатҳои зиёд надошта бошед. Бегоҳ эҳтимол барои кори анҷомдода маблағи ғайричашмдошт ба даст оред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз ҳатто дар ҳолати хашм худро ба даст гиред. Ба баҳсҳои нолозим ҳамроҳ нашавед ва эҳсосоти манфиро идора кунед. Дар оила вазъият оромтар ва ихтилофҳо кам мегарданд. Агар наздикон бо шумо самимона суҳбат кардан хоҳанд, аз гуфтугӯ канорагирӣ накунед. Дар кор тағйироти ҷиддӣ интизор нест. Эҳтимол бештар бо ҳуҷҷатҳо ва корҳои рӯзмарра машғул шавед. Агар ба кумак ниёз дошта бошед, ба хешовандон ё дӯстони боэътимод муроҷиат кунед. Имрӯз аз гирифтани қарз худдорӣ кардан беҳтар аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои ҳаёти шахсӣ вақти зиёд намеёбед, зеро корҳои зиёд доред. Дар оила баъзе мушкилот пайдо мешаванд, аммо бо дастгирии якдигар онҳоро ба осонӣ паси сар мекунед. Агар кор бароятон дилгиркунанда намояд, шояд танҳо хаста шудаед. Аз ин рӯ, ба ҳама чиз бо назари манфӣ нигоҳ накунед. Имрӯз барои хариди калон рӯзи муносиб нест. Ба саломатии худ бештар аҳамият диҳед. Варзиш ва ғизои дуруст метавонанд рӯҳияатонро беҳтар кунанд ва ба шумо нерӯ бахшанд.
Асад (23 июл-23 август)
Ба шахси дӯстдоштаатон бе сабаб шубҳа накунед ва ӯро бо саволҳои зиёд озмоиш накунед. Гумонҳои беасос метавонанд муносибатро вайрон кунанд. Имрӯз ба шумо лозим меояд, ки як қатор корҳои рӯзмарраро зуд ҳал кунед. Аммо худро ба корҳои зиёд ҳамзамон машғул накунед. Вазифаҳои муҳимро ба одамони нобовар насупоред. Ба пешрафти касбӣ ва вазъи молиявии худ бештар диққат диҳед. Ҳангоми ҳисобу китоб бо муштариён бодиққат бошед. Агар худро хуб ҳис накунед, ба духтур муроҷиат кардан беҳтар аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Аз субҳ эҳтимоли нофаҳмиҳо ва баҳсҳо зиёд аст. Дар муошират бо дигарон ором ва эҳтиёткор бошед. Имрӯз маблағ метавонад ба худатон лозим шавад, бинобар ин аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед. Вақтро бештар бо оила гузаронед. Агар дар ҷои кори ҳозира дигар имкони пешрафт набинед, барои тағйири кор вақти муносиб фаро расидааст. Дар иҷрои вазифаҳо аз ҳад зиёд шитоб накунед. Неруятонро барои корҳои муҳимтар нигоҳ доред. Эҳтимол аст, ки қарзи кӯҳна баргардонида шавад ё маблағи ғайричашмдошт ба даст оред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар дигар мавзӯи умумӣ барои суҳбат надошта бошед, шояд шахси паҳлуятон барои шумо мувофиқ набошад. Ба худ савол диҳед: дар паҳлуи ӯ худро роҳат ҳис мекунед ё не? Худро аз ҳад зиёд таҳлил кардан метавонад боиси баҳс бо ҳамсар гардад. Агар касе аз нармдилии шумо суиистифода кунад, вақти он расидааст, ки ҳадду марзи худро муайян кунед. Имрӯз каме ба худ ва наздиконатон хушӣ бахшидан ҷоиз аст. Аммо хастагӣ ва паст шудани рӯҳия эҳтимол дорад. Аз ин рӯ, бештар истироҳат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар танҳо бошед, имрӯз барои пайдо кардани ҳамсафар ба сайтҳои шиносоӣ шитоб накунед, хатари фиреб вуҷуд дорад. Пеш аз харидҳои муҳим бо наздикон маслиҳат кунед. Дар кор кӯшиш кунед имкониятҳои худро дуруст баҳо диҳед. Вазифаеро, ки зуд ва босифат иҷро карда наметавонед, ба дӯш нагиред. Имрӯз аз шумо сабр ва диққати зиёд талаб мешавад. Қарорҳои муҳимро бо шитоб қабул накунед ва зуд хулоса набароред. Ба саломатии дил низ диққат диҳед. Аз изтироб, асабоният ва фишори зиёди ҷисмонӣ дурӣ ҷӯед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар мехоҳед ҳамсафари зиндагӣ пайдо кунед, имрӯз фаъолтар бошед. Дар акси ҳол, мумкин аст як имконияти хубро аз даст диҳед. Баъзан танҳо мондан ва ба фикрҳои худ сару сомон додан ҳам зарур аст. Агар корҳои хона ва мушкилоти рӯзмарра шуморо хаста карда бошанд, аз шахси наздик кумак пурсед. Дар кор имрӯз ташаббуси зиёд нишон додан шарт нест, ҳамкорон ва роҳбарият шояд шуморо дастгирӣ накунанд. Аз шикоят ва фикрҳои манфӣ худдорӣ кунед. Ба ҷойи хароҷоти зиёд барои чизҳои моддӣ, ба истироҳат ва оромии рӯҳӣ бештар аҳаммият диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти хушоянд дар пешанд. Агар муддати дароз дар ҷустуҷӯи ҳамсафари зиндагӣ бошед, имрӯз бахт метавонад ба рӯятон хандад. Рӯзи муносиб барои истироҳат, эҷодкорӣ ва нишон додани қобилиятҳои худ аст. Дар кор якҷоя амал кардан аз танҳо кор кардан натиҷаи беҳтар медиҳад. Ба фикри ҳамкорон гӯш диҳед ва бо онҳо бештар ҳамкорӣ кунед. Имрӯз барои ҳал кардани масъалаҳои молиявӣ рӯзи чандон муносиб нест. Ҳангоми харҷ ва ҳисобу китоб бодиққат бошед. Барои раҳо шудан аз асабоният ва нерӯи зиёдатӣ ба варзиш машғул шавед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар ҳаёти шахсӣ ҳама чиз хуб пеш меравад. Муносибататон бо ҳамсафаратон рӯз ба рӯз мустаҳкамтар мешавад. Имрӯз каме вақтро ба худ бахшед, шумо бисёр кор кардед ва ба истироҳат ниёз доред. Корҳои рӯзмарра метавонанд каме интизор шаванд. Дар кор бароятон имкониятҳои хуб пайдо мешаванд ва эҳтимол аст, ки нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ бештар кор анҷом диҳед. Вазъи молиявӣ низ метавонад беҳтар шавад. Қобилияти хуби суханварӣ ва муошират ба шумо дар кор ва пайдо кардани робитаҳои нав кумак мекунад. Ба ғизои худ низ диққат диҳед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар муносибатҳои шахсӣ шояд ҳис кунед, ки ҳамсафаратон озодии шуморо маҳдуд мекунад. Агар ба шумо фазои бештар лозим бошад, дар ин бора оромона суҳбат кунед. Ин метавонад муносибататонро беҳтар кунад. Эҳтимол хоҳед, ки муҳити хонаатонро бо як чизи зебо ва нав тароват бахшед. Дар кор роҳбарият метавонад меҳнататонро қадр кунад ва эҳтимол дар ояндаи наздик ба мансаби баландтар гузаред. Дар баробари ин, рақибон ё бадхоҳони нав пайдо шуданашон мумкин аст. Бодиққат бошед ва дар ҳолати зарурӣ қатъӣ амал кунед. Кӯшиш кунед имрӯзро аз рӯзҳои одӣ фарқкунанда гузаронед.