Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз беҳтараш аз масъалаҳои ошиқона каме дур шуда, бештар ба кору нақшаҳои касбӣ диққат диҳед. Дар оила рӯйдодҳои ғайричашмдошт рух дода метавонанд, аммо бо дастгирии ҳамдигар мушкилотро паси сар мекунед. Рӯз каме ноустувор аст ва хабарҳои ногаҳонӣ метавонанд ба нақшаҳо таъсир расонанд. Дар масъалаҳои қарз эҳтиёткор бошед. Эҳтимоли сарчархӣ вуҷуд дорад, бинобар ин аз ҳаракатҳои ногаҳонӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар танҳо бошед, ба атроф бештар диққат диҳед: эҳтимоли шиносоӣ бо шахсе зиёд аст, ки муносибат бо ӯ метавонад ба издивоҷ расад. Имрӯз рӯҳия метавонад тағйир ёбад ва муносибат бо фарзандон каме душвор шавад. Дар ҷойи кор аз фаъолияти иловагие, ки роҳбарият онро намеписандад, эҳтиёт кунед. Барои пешрафт танҳо зиракӣ кофӣ нест, малакаҳои касбии худро такмил диҳед. Ба саломатӣ аҳаммият дода, аз ҷойҳои серодам камтар истифода баред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз дар ҳаёти ошиқона эҳсосоти қавӣ ва лаҳзаҳои романтикӣ зиёд мешаванд. Танҳо аз шубҳаву гумони зиёд дар муносибатҳо худдорӣ кунед. Шояд хоҳиши сар кардани муносибати нав пайдо шавад, аммо ба ваъдаҳои худ содиқ монед. Дар кор нерӯи эҷодӣ ва ҷасорати шумо зиёд мешавад ва ин метавонад ба муваффақият оварда расонад. Аз ҷиҳати молиявӣ вазъ хубтар шуда, маблағе барои хароҷоти зарурӣ ба дастатон мерасад. Имрӯз нерӯи зиёд доред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳаёти шахсӣ эҳсосоти ошиқона қавитар мешаванд ва муносибатҳо метавонанд гармтар гарданд. Ба калонсолони оила таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунед, зеро онҳо шояд худро аз шумо дур ҳис кунанд. Дар кор имкониятҳои нави пешрафт пайдо мешаванд, нишонаҳои мусбатро сари вақт пай баред. Дӯстиро бо масъалаҳои молиявӣ омехта накунед, зеро кумаки беандеша ба дигарон метавонад ба зарари шумо анҷом ёбад. Ба ғизои солим, меваю сабзавот ва машқи ҷисмонӣ бештар аҳаммият диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Агар чунин намояд, ки муносибати ошиқонаатон муваққатан боздошта шудааст, шитоб накунед. Барои худ вақт ҷудо карда, иҷозат диҳед, ки ҳама чиз табиӣ пеш равад. Дар оила сабру таҳаммул ва бахшидани хатогиҳои дигарон метавонад муҳити оромтар фароҳам оварад. Барои иштирок дар семинару чорабиниҳои касбӣ рӯзи хуб аст. Аз беэҳтиётӣ эҳтимоли талафи пул вуҷуд дорад, бинобар ин ба ҳамён ва ашёи қиматбаҳо бодиққат бошед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Шумо ва шарикатон шояд аз ҳамдигар хеле фарқ кунед, аммо ҳамин фарқият метавонад муносибатро пурра созад. Имрӯз ба рашку худхоҳӣ роҳ надиҳед. Вақти хубест барои анҷом додани корҳое, ки дер боз ба таъхир гузошта будед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз хароҷоти ғайринақшавӣ худдорӣ кунед. Агар имконият бошад, дар бораи даромади иловагӣ фикр кунед. Ғизои дуруст ва истироҳати кофӣ ба саломатӣ, нерӯ ва намуди зоҳирии шумо таъсири мусбат мерасонад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти ғайричашмдошт имконпазиранд. Шояд бо шахсе шинос шавед, ки ба зиндагии шумо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Таваҷҷуҳи шахси дӯстдошта шуморо шод мекунад, ба ӯ низ меҳрубонӣ нишон диҳед. Дар кор имкони тағйирот ё гирифтани вазифаи нав вуҷуд дорад, аммо пеш аз қабул кардан хуб андеша кунед. Ба муомилаҳои молиявӣ ва хароҷот бодиққат бошед. Аз харидҳои гарон худдорӣ кунед ва ба баҳсу муноқишаҳо ҳамроҳ нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Кӯшиш кунед муносибатҳои ошиқонаро гуногунтар ва хушҳолкунанда нигоҳ доред. Суханони меҳрубонона, таваҷҷуҳ ва сюрпризҳои хурд муносибатро мустаҳкам мекунанд. Дар оила муҳити гарму боэътимод ҳукмфармо мешавад, агар фикри ҳамаи аъзои оиларо ба назар гиред. Барои корҳои хеле вазнин имрӯз чандон мувофиқ нест. Агар нақшаи муҳиме дошта бошед, метавонед ба амалисозии он шуруъ кунед. Рӯз серкор хоҳад буд, бинобар ин пешакӣ хуб истироҳат кунед ва нерӯ ҷамъ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед ва иҷозат диҳед, ки муносибатҳо ба таври табиӣ инкишоф ёбанд. Эҳтимол, имкони кӯчидан ба хонаи беҳтар пайдо шавад. Пеш аз қарор бо аҳли оила маслиҳат кунед. Кӯшишҳои пайвастаи шумо дар кор ниҳоят натиҷа медиҳанд ва эҳтимоли пешрафти касбӣ зиёд аст. Имрӯз вақти муносиб барои андешидани роҳҳои сармоягузорӣ мебошад. Ба саломатии гулӯ аҳаммият диҳед ва худро аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳсосоти шумо хеле қавӣ мешаванд ва мумкин аст ба масъалаҳои хурд аз ҳад зиёд вокуниш нишон диҳед. Дар оила нофаҳмиҳо эҳтимол доранд, бинобар ин бо сабру оромӣ муносибат кунед. Барои иҷрои корҳои душвор ва лоиҳаҳои муҳим рӯзи хуб аст, нерӯи зиёд доред ва метавонед вазифаҳоро зудтар анҷом диҳед. Аз ваъдаҳои даромади осон фирефта нашавед. Барои беҳтар кардани ҳолати ҷисмонӣ машқи варзишӣ муфид хоҳад буд.
Далв (21 январ-19 феврал)
Эҳтимол шахси дӯстдоштаи собиқ бо роҳи ғайричашмдошт аз худ хабар диҳад. Аммо нагузоред, ки эҳсосоти ногаҳонӣ муносибататонро бо одамони наздик вайрон кунанд. Дар кор муносибати эҷодкорона ба шумо барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб кумак мекунад. Агар мақсади муайян дошта бошед, барои расидан ба он суботкор бошед. Рӯз ҳам барои кор ва ҳам барои истироҳат мусоид аст. Монеаи ҷиддие дар пеш нест ва бисёре аз нақшаҳои шумо метавонанд амалӣ шаванд.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсоси худписандӣ метавонад зиёд шуда, бо шахси дӯстдошта баҳс ба вуҷуд орад. Кӯшиш кунед, ки нофаҳмӣ ба ҷанҷоли тӯлонӣ табдил наёбад. Дар корҳои хона аз ҳад зиёд хурдагирӣ накунед, зеро ин метавонад атрофиёнро асабонӣ кунад. Дар кор нақшаҳои ҷолиб доред, аммо баъзе ҳолатҳои беруна метавонанд ба иҷрои онҳо халал расонанд. Вазъи молиявӣ ба зудӣ беҳтар шуда, эҳтимоли даромади нав вуҷуд дорад. Агар меъдаатон нороҳат бошад, аз хӯрокҳои равғанин ва тез худдорӣ кунед.