gazprom august 2025
Ҳифзи зебоӣ дар тирамоҳ
07.09.2025
Oila.tj
242

Нигоҳубинро аз даст оғоз кунед

Бо фаро расидани тирамоҳ, вақте ҳаво сард шудан мегирад, пӯсти нозуки дастон сахт осеб мебинад. Ҳатман пеш аз кӯчабароӣ ба даст малҳам моледу қабл аз хоб малҳами ғизобахш. Рафту хушкии дастон рафъ нагардад, дастонатонро дар маҳлуле, ки аз 2 қошуқ шир ва равғани растанӣ, 1 қошуқ асал ва каме оби гарм омода шудааст, 15 дақиқа нигоҳ доред. Дар ҳавои сард аксарият аз чандқабата шудани нохунҳояшон шикоят мекунанд. Аз 1 қошуқ намаки ошӣ ва шарбати ними лимӯ маҳлул омода намуда, ҳамарӯза ба нохунҳоятон молед ва 20 дақиқа нигоҳ доред.

Ба рӯй малҳам, ба лаб балзам молед

Аз ҳама бештар дар фасли тирамоҳ пӯсти рӯй осеб мебинад. Аз ин рӯ, ҳатман аз малҳамҳои нигоҳубинкунандаи пӯст истифода баред. Малҳамро ним соат қабл аз кӯчабароӣ молидан лозим аст.

Ба пӯсти ҳасоси лаб дар ҳавои шамолӣ балзамҳои махсусро на танҳо қабл аз кӯчабароӣ, балки дар дохили хона низ молидан лозим аст.

Тирамоҳ фасли пилинг аст

Хотиррасон кардан мехоҳем, ки тирамоҳ фасли тоза кардани пӯст ва истифода бурдан аз скраб ва пилинг аст. Агар шумо дар шароити хона пилинг кардан мехоста бошед, мутаваҷеҳ бошед:

Пилинг барои пӯсти равғанин ва омехта

Қаҳваи хокашаклро бо малҳам ё ниқоб (маска) омехта сохта, бо ҳаракатҳои сабуки маҳсӣ пӯстро кашиш надода, ба пӯсти рӯй боэҳтиёт моледу чанд дақиқа нигоҳ доред. Кӯшиш намоед, ки пилинг ба пӯсти чашмон ва ҷойҳои ҷароҳатдоштаи рӯятон нарасад. Рӯятонро шуста, малҳами ба намуди пӯстатон мувофиқро молед. Пилинги мазкурро дар 7 рӯз 1 маротиба истифод баред.

Пилинг барои пӯсти миёна ва доғдошта

Сараввал пӯстро тоза кунед. 1 қошуқ шарбати лимӯ ва 1 қошуқча асалро омезиш дода, ба пӯсти рӯятон молед, кӯшиш намоед, ки маҳлул ба атрофи чашматон нарасад. Баъди 15 дақиқа рӯятонро шуста, малҳам молед. Пилингро дар як ҳафта як бор истифода баред.

Пилинг барои пӯсти хушк

Ҷавҳари шир пӯстро хеле хуб тозаву нарм мекунад. Пӯстро тоза кунед. Ҳар қадаре пӯст хушк бошад, кефир низ ҳамон андоза бояд равғанин бошад. Азбаски кефир суюқ аст, сараввал онро ба докае гирифта, баъдан ба рӯй молидан лозим аст. Баъди 15 дақиқа рӯятонро шуста, малҳам молед.

Таҳияи МЕҲРУБОН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД