Ҷигарбандам (ҚИСМИ 2)
204

Гулбаҳор зуд хеста дасту рӯяшро ба домони куртааш пок карда, аз пайи тахт кардани либосҳо шуд.

- Падарҷон, барои чӣ гиря мекунед? Охир, падарро шоҳсутун, қиблагоҳ, сарпаноҳ, муттакои фарзанд ва инсони қавииродаву нотарс намегуфтед? Мегуфтед! Пас чаро гиря мекунед? Ё ҷони шумо ҳам мисли ман дард мекунад?,- суол кард Суҳроб.

- Не писарҷон, ман гиря намекунам. Чаро ҳам гиря кунам? Барои пухтани ош ба модарат кумак карданӣ шуда, пиёз реза кардам. Пиёз ки сероб будааст, чашмонамро сӯзонд. Ин оби дида аз ҳамон аст,- гуфту худ ба худ "ҷонам не, вуҷудам месӯзад, писарҷон" гуфта, чашмонашро пок кард.

- Дадаҷон, дилам ош не, боз сихкабоб мекашад. Чун ҳарвақта аз ҳамон ошхонаи дӯстатон сихкабоб биёред,- гуфт Суҳроб умедворона.

Самандар ҳар рӯз барои писараш ду дона сихкабоб меовард. Аз як тараф доруҳои гарон, аз тарафи дигар рӯзгор, боз ҳар рӯз харидани ду дона сихкабоб барояш гаронӣ мекард. Чун барои табобати Суҳроб нуқтаҳои савдояшро фурӯхта буд, аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашид. Вале фарзандашро маҳкам ба оғӯш кашид:

- Хуб писарҷон, хуб шудааст. Ҳозир рафта ман ба ту сихкабоб меорам. Аз ҳамон сихкабоби дӯстдоштаат,- гуфт худро каме сабук ҳис карда.

Самандар либосҳояшро пӯшида аз хона баромад. Вале дар кисааш як дирам набуд. Худ ба худ меандешид, ки чӣ тавр барои писараш сихкабоб биёрад. Ҳамин тавр бо худ гуфтугӯ карда, то тарабхона омад.

- Ассалому алайкум.

- Ассалом, акаҷон, биёед, марҳамат, чӣ хизмат?

- Ман, вай, барои вай,- чӣ тавр бори дигар ба қарз сихкабоб пурсиданашро надониста, ба замин нигоҳ карда, сукут намуд.

Нигоҳҳояш маҳзунона буданд. Рангаш ҳам аз ғаму ғуссаи зиёд заъфарон гашта буд.

- Чӣ хизмат, акаҷон? Ҳолатон хуб аст?

- Бале, ҳолам хуб. Инҷо як ҷавон буд. Ҳар дафъа аз ӯ сихкабоб мегирифтам. Ҳамон ҷавон куҷост?

- Вай имрӯз намеояд. Ягон кор доштед? Сихкабоби мепухтаи ман ҳам болаззат. Аз сихкабобҳои ӯ монданӣ надорад.

- Не, ман кор надоштам. Як дона сихкабоб лозим.

- Боке нест, чандто, ки хоҳед, медиҳем.

- Фақат пул надорам.

- Ҳа, гап дар ин ҷо гӯед. Шаф-шаф накарда шафтолуи гапро занед, намешавад?

- Ман талбанда нестам. Вале ниёзмандам.

- Бале, шумо ниёзманд. Ниёзманд наход барои сихкабоб бошад,- рӯй турш кард сихкабобфурӯш.

- Илтимос, маро дуруст фаҳмед. Ман бори аввал нест, ки биёям. Дар ҳамон дафтари рӯйи курсиятон номи ман ҳаст. Ман борҳо аз он ҷавон ба қарз сихкабоб гирифтаам. Ман на барои худам, балки барои писари беморам сихкабоб мегирам. Ҳамин ки писарам шифо ёфту каме корҳоям хуб шуд, ҳатман пули ошхонаро бармегардонам.

- Писаратон чӣ беморӣ дорад?

- Писарам, писарам... Писарам саратон аст,- Самандар инро гуфту беихтиёр аз чашмонаш ашк шорид. Оби чашмонаш рӯяшро шуста фаромад.

Шашликпаз аз ин манзараи ҳузнангез ба риққат омада, дилбардорӣ кард:

- Акаҷон, маро бубахшед. Ман намедонистам. Ман фикр кардам...

- Боке нест, додарҷон. Медонед, писарам ҳар рӯз сихкабоб мехӯрад. Ғайр аз сихкабоб дилаш ҳеҷ чиз намекашад. Аммо барои ҳам табобату ҳам сихкабоб овардан пулам намерасад. Ду моҳ аст, ки аз ин ҷавон сихкабоб мегирам, вале...

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД