Arzon march 2024
ИММУНИЗАТСИЯ: КӮДАК СОЛИМ МЕМОНАД, АГАР...
2764

 

Ҳалима дар синни 25 солагӣ фарзанди аввалашро ба даст гирифт. Ҳарчанд маълумоти тиббӣ дошт, вале мисле, ки чизеро намедониста бошад, сари ҳар мушкил ба духтури минтақавӣ занг зада, маслиҳат мепурсид.

Бо вуҷуди он ки ду рӯзи аввали эмгузаронӣ кӯдакаш бемор шуда инҷиқь мекард, тамоми ваксинаҳоро сари вақт ба фарзандаш мегузаронд.

“Дар ҳамсоягиамон зание ҷавоне аз ваксинагузаронӣ даст кашидааст,-нақл кард ӯ. “

Вақте Ҳалима пурсон мешавад, ки чаро чунин бепарвогӣ мекунед, зан дар ҷавоб мегӯяд, ки иммунизатсия кунем-накунем кӯдаконамон бемор мешаванд. Беҳтараш кӯдакро азоб надиҳем.

Ҳалима мехост, хато будани андешаи ҳамсоязанро исбот кунад, вале зан инро шунидан намехост. Аз ҳамин хотир Ҳалима хоҳиш намуд, ки дар бораи иммунизатсия маълумоти муфассал диҳем, то модарони ҷавон нисбати саломатии фарзандонашон бепарво набошанд ва барои муҳофизати фарзандонашон аз бемориҳои ҷиддӣ талош намуда, сари вақт воксинаҳои пешбинишударо ба кӯдакон гузаронанд. Имрӯз мо дар бораи иммунизатсия ва зарурату манфиати он ба атфол мегӯем.

Иммунизатсия масъуният ҳосил мекунад

Иммунизатсия – усули аз ҳама самарабахши пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Вақте ки кӯдак эм карда мешавад, системаи сироятнопазирӣ ба ваксинаи воридкардашуда ба муқобили барангезандаи беморӣ масъуният ҳосил мекунад. Ҳамин тавр иммунизатсия дар вуҷуди кӯдак қобилияти муҳофизатиро бар зидди беморӣ ба вуҷуд меорад. Имунизатсия вобаста ба бемориҳо дар синну соли гуногун тибқи тақвими миллӣ гузаронида мешавад.

image_2021-06-23_17-05-58

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳури Тоҷикистон мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди бемориҳои сил, фалаҷ, гепатит В, кабудсулфа, гулӯзиндонак,кузоз (столбняк), сирояти гемофилии шакли В, сироятиротавирусӣ, пневмококк, сурхча,баногӯшак ва гулафшон гузаронидани ваксинаҳоро роҳандозӣ намудааст.

Чуноне ки мутахасисони соҳа қайд кардаанд, ки тамоми ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ мебошанд. Пеш аз истифодаи ҳар як ваксина, онро 10-20 сол зери омӯзиш қарор медиҳанд. Бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳо аз тарафи созмонҳо ва вазорати марбута мунтазам таҳти назорат гирифта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ваксинаҳо ба организми ҳар як инсон тариқи сӯзандору, ки иммунизатсияи тазриқӣ ном дорад, инчунин, чаконидани қатра ба даҳон ва бо роҳи интранозалӣ, яъне чаконидан ба бинӣ, гузаронида мешаванд. Воксинаро бо роҳисӯзандору дар зери пӯст, даруни пӯст ва даруни мушак мегузарнанд, ҳамчунин бо роҳи қатрагӣ-даҳон ва бинӣ мечаконанд.

Сухршавию дардмандӣ ҳолати муқаррарист

Тибқи андешаи кормандони соҳаи тандурустӣ организми кӯдак қодираст, ки тамоми ваксинаҳои мувофиқи тақвими ҷоришуда гузаронидашавандаро қабул намояд. Онҳо аксуламалҳои ҷиддӣ надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо пас аз тазриқ намудан, ҳолатҳои сабук ва зудгузар, ба монандӣ сурхшавӣ, дардмандӣ дар ҷои тазриқ ва баланд шудани ҳарорати бадан ба назар мерасад.

Аксари волидон бо вуҷуди бемор будани фарзандонашон онҳоро дар вақти муайяншуда барои имунизатсия мебаранд. Падару модарон набояд фаромӯш созанд, ки вақте кӯдакро барои иммунизатсия мебаранд, новобаста аз бемор будан ё набудани тифлашон бояд ҳатман аз муоинаи духтури оилавӣ гузаронанд. Пас аз муоина, агар табиб иҷозат диҳад, барои гузаронидани воксина ҳеҷ мушкиле пеш намеояд.

Аксарияти волидон мепурсанд, ки чаро баъзан ваксина гузаронида бошанд ҳам, боз тифлашон бемор мешавад?

Мутахассисонин нуқтаро чунин шарҳ доданд:

- Агар пас аз имунизатсия масуният ҳосил нашавад ва кӯдак бо барангезандаи беморӣ дучор шавад, эҳтимолияти беморшавии ӯ вуҷуд дорад, аммо беморӣ метавонад сабук гузарад. Мумкин аст, ки кӯдак бо барангезандаи беморӣ то иммунизатсия шуданаш сироят ёфта бошад. Дар ин ҳолат дар организми кӯдак худ аз худ масунияти табиӣ ҳосил шуда, бо беморӣ мубориза мебарад.

Воксинаро набояд дар шароити хона гузаронид!

Имунизатсияро дар марказҳои саломатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ, ки дорои ҳуҷраҳои махсуси ваксинагузаронии муҷаҳҳаз бо техникаҳои зарурӣ ва маводҳои дорувории зидди садамавӣ мебошанд, мегузаронанд. Бояд хотиррасон намуд, ки дар шароити хона имунизатсия кардан қатъиян манъаст.

 

Ваксина

Маризӣ

Нишонава паёмадҳо

БЦЖ 

Сил

СИЛ-бемории сироятӣ буда, бештар шушҳо азият мекашанд. Дар кӯдакон бошад, узвҳои дигар, ба монандӣ, мағзи сар низ ба бемории сил гирифтор мешавад. Дар ҳолати вазнин ба паёмадҳои ногувор ва ҳатто марг оварда расонад. Муоилаи бемории сил душвор ва дарозмуддат аст.

Гепатита В 

Гепатит В 

Вируси бемории гепатити В дар ҷигари инсон ҷой мегирад. Ин вирус аз вақти ворид шудан ба организми кӯдак то 10 сол ягон ориза ё нишонаи худро нишон намедиҳад. Баъдтар басирози ҷигар ё саратони ин узв оарда расонад.

Фалаҷ 

Фалаҷ 

Бемории фалаҷ аз миёни 200 гирифторонаш якеро фалаҷ мекунад. Дар миёни онҳо аз 5-то 10 ҳолати фавт ба қайд гирифта мешавад, ки ах фалаҷи мушакҳои роҳҳои нафас мебошанд. Вақте шахс ба беморӣ гирифтор мешавад, ягон доруву даво онро пурра муолиҷа намекунад, танҳо ба хотири паст кардани нишонаҳо таъин карда мешавад.

АКДС

Гулӯзиндонак  

Гулӯзиндонак- бемориест, ки аз таъсири он бодомакҳои гулӯ варам карда, кӯдакон бо мушкилӣ фурӯ мебаранд. Паёмадҳои беморӣ ногувор буда, ба дил, ҷигар ва асабҳо таъсири манфии худро мегузорад.

АКДС

Кузоз

Кузоз беморист, ки ҳангоми гирфторшавӣ кашишхурии мушакҳои бадан дида мешавад. Аз таъсири он мушакҳои гардан ва рӯи кӯдак ба як самт кашиш хурда, кӯдакон бо душвори даҳонашонро мекушоянд, фурӯ мебаранд ё нафас мекашанд. Ҳатто баъд аз муолиҷаи беморӣ эҳтимоли зиёди маргу мир вуҷуд дорад.

АКДС

 Кабудсулфа

Кабудсулфа, ин сулфаи хуруҷкунандаест, ки ҳафтаҳо давом меёбад. Дар баъзе ҳолат ба мушкилии нафаскашӣ, пневамания ва билохира марг рӯ ба рӯ месозад.

 

Гемофилияи шакли В

Гемофилияи шакли В

Бактерияи ин беморӣ, барангезандаи пневамания ва дигар бемориҳои вазнини сироятӣ мебошад, ки дар миёни кӯдакони то 5 сола вохӯрдан мумкин аст.

Пневмоккок

Пневмоккок

Пневмоккок ба гурӯҳи бемориҳое ворид аст, ки дар натиҷаи он шушҳо, увзҳои нафаскашӣ мариз мешаванд. Ин беморӣ дар ҷаҳон маъмл буда, бештар кӯдакони то 2 сола гирифтор мешаванду мефавтанд.

Сирояти ротовирусӣ

Сирояти ротовирусӣ

Сирояти ротовирусӣба вуҷудоварандаи дарунравӣ ва қайкунӣ мебошад, ки ба беобшавии кӯдак оварда мерасонад. Дар сурати дер ба духтур муроҷиат кардан хавфи марг таҳдид мекунад.

 

Гулафшон

Гулафшон

Гулафшонбемории шадиди сироятӣ буда, дар қимати пушт ва дигар ҷойҳои бадан доғҳои сафед пайдо мешаванд, ки хориш мекунанд. Дар ҳолати ногувор эҳтимоли нобино шудан, варам кардани мағзи сар ва фавти кӯдак дорад.

 

Баногӯш

Баногӯш

Баногӯш чунин нишонаҳо дорад: дарди сар, беҳолӣ, табларза ва зиёд шудани оби даҳон.  

Сурхча

Сурхча 

Бемории мазкур ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон бол як раванд мегузарад. Вале дар занҳои ҳомила эҳтимоли афтонидани ҷанин, ё мурда таваллуд кардан, норасогии модарзодӣ вуҷуд дорад.

 

Ваксинаҳо кӯдакону наврасонро аз бемориҳои сироятӣ ва хатарнок, ки ба марг оварда мерасонад, нигоҳ медоранд. Дар ҷадвали зерин

ваксинаҳое оварда шудаанд, ки ҳам аз тарафи ҳукумати кишвар ва ҳам аз ҷониби табибон барои ҳифзи кӯдакон ва аҳолӣ, бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои гуногун тавсия дода мешаванд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД