Commerc banl
Имрӯз дар чанд кӯчаву маҳаллаи Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мешавад
10.03.2026
Oila.tj
79

Корхонаи “Обу корези Душанбе” эълон кардааст, ки имрӯз, 10-уми март дар чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ қатъ карда мешавад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, сабаби ин кор хомӯш гардидани нерӯи барқ дар истгоҳи обтаъминкунии “Наврӯз” мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, минтақаҳои зерин имрӯз аз соати 09:00 то 15:00 об нахоҳанд дошт:

- Ноҳияи Сино: Шаҳракҳои 32, 33, 201 ва маҳаллаву кӯчаҳои Политехникум, Гипрозем, Абдураҳмони Ҷомӣ, Роҳи Нав, Раҳмон Набиев, Хуҷандӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Борбад, Наврӯз, Навбаҳор-1, Навбаҳор-2, Чортути Боло, Чортути Поён, Балх, Конститутсия.

- Ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 62 ва 6.

Инчунин, “Обу корези Душанбе” афзудааст, ки дар дигар маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ эҳтимоли паст шудани фишори об вуҷуд дорад.

Аз сокинон дархост шудааст, ки обро аз қабл захира намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД