Имрӯз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Хатлон боришоти шадид дар назар аст
06.02.2026
Oila.tj
90

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз - 6-уми феврал дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон боришоти шадид дар назар аст.

Дар водиҳо борон ва барфи тар, дар доманакӯҳҳо, минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ барф меборад.

Дар гузаргоҳҳои кӯҳӣ барфрезии шадид эҳтимол дошта, ҳаракати нақлиётро мушкил мегардонад. Ҳамчунин тӯфони барфӣ, туман, бадшавии сатҳи намоёнӣ ва хатари баланди тарма пешгӯӣ мешавад.

Дар минтақаҳои водигию доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ ҳарорати ҳаво метавонад 10-12°C паст шавад.

Аз 6 то 9-уми феврал дар минтақаҳои хавфноки тармафароӣ, аз ҷумла дар роҳи Душанбе-Чаноқ (км 48-74) ва қитъаҳои Майхӯра-Зидеҳи ноҳияи Варзоб, инчунин дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма имконпазир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД