Имрӯз, 5-уми май дар як қатор минтақаҳои кишвар омадани сел дар назар аст. Аз ҷумла, дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани сели дорои хусуяиятҳои маҳаллӣ боқӣ мемонад.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дода, ба шаҳрвандон таъкид менамояд, ки дар вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд. Сокинон бояд вазъи боду ҳаворо ба назар гирифта, амал намоянд. Инчунин, сайёҳоне, ки нақшаи сафар ба минтақаҳои кӯҳиро доранд, бояд эҳтиёткор бошанд.
Барои пешгирӣ аз чунин офати табиӣ аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ба тозагии ҷӯйборҳо, каналҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт ва селроҳаҳо аҳамият диҳанд.