Интернети баландсуръати моҳвораии Starlink акнун дар Тоҷикистон дастрас гардид. Дар ин бора Илон Маск ва саҳифаи расмии Starlink дар шабакаи иҷтимоии X хабар доданд.
Starlink интернетро бо суръати баланд ва таъхири ками сигнал таъмин мекунад ва пайвастшавӣ дар беш аз 99,9 фоизи вақт устувор мебошад. Ин система тавассути шабакаи моҳвораҳо дар мадори пасти Замин кор карда, барои истифода дар минтақаҳое пешбинӣ шудааст, ки дастрасӣ ба интернети симдор ё мобилӣ маҳдуд аст.
Таҷҳизоти Starlink дар ҳар гуна шароити обу ҳаво фаъолият мекунад: ба борони шадид, шамоли сахт ва барф тобовар буда, ҳатто барфи болои антеннаро худкор об мекунад.
Соли 2025 Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати SpaceX шартномаи литсензиониро имзо намуд, ки барои роҳандозии интернети моҳвораӣ дар кишвар, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон имкон фароҳам меорад.