Албатта волидайн мехоҳанд, ки фарзандашон ҳангоми сафар бо мошин дар амон бошад. Интихоби дурусти автокресло метавонад натанҳо ҳаёти кӯдакро ҳифз кунад, балки барои модар низ эҳсоси осоиштагӣ ва амниятро ба вуҷуд оварад. Ҳангоми харид кардани курсии кӯдаконаи мошин-автокресло чанд ҷузъиёти муҳимро ба назар гирифтан лозим аст:
- Синну сол ва вазни кӯдак
Автокреслоҳо барои кӯдакони синну сол ва вазнҳои гуногун таҳия шудаанд. Маъмулан дар охири ҳар автокресло нишонаи мувофиқати он бо синни кӯдак ё вазнаш ишора карда мешавад.
Гурӯҳи 0 (то-10 кг) - барои кӯдакони навзод ва то 9-12 моҳа.
Гурӯҳи 1 (9-18 кг) - барои кӯдакони аз 1 то 4-сола.
Гурӯҳи 2 (15-25 кг) - барои кӯдакони аз 3 то 7-сола.
Гурӯҳи 3 (22-36 кг) - барои кӯдакон аз 6 то 12-сола.
2. Истифодаи дурусти автокресло
Курсии мошин бояд мувофиқ бо стандартҳои байналмилалӣ бошад. Муҳимтарин нукта - кӯдакро дуруст шинондан дар курсӣ ва қавӣ бастани камарбанди амниятӣ аст.
3. Насби автокресло
Автокресло бояд бо хусусияти "системаи насби осон" мувофиқат кунад. Ин система кумак мекунад, ки курсиро якҷо ва қавӣ насб кунем. Агар мошин ин системаро надошта бошад, бандҳои насбкунандаи махсуси курсиро санҷед, ки устувор бошанд.
4. Амният ва маводе, ки автокресло аз он сохта шудааст
Автокресло бояд аз маводҳои бехатар ва гипоаллергенӣ сохта шуда бошад. Маводҳо бояд шусташаванда бошанд ва ҳаворо ба хубӣ гузаронанд, то ки ҳангоми сафар пӯсти бадани кӯдак нафас кашида тавонад ва худро роҳат ҳис кунад.
5. Боз чанд хусусияти автокресло, ки омӯхтан зарур аст
Баъзе автокреслоҳо метавонанд шакли худро тағйир дода, барои дуруст нишастан ва хоби кӯдак мувофиқ карда шаванд. Чунин автокресло махсусан барои сафарҳои тӯлонӣ айни муддао мебошад, зеро курсие, ки метавонад як ё ду ҳолатро бигирад, кумак мекунад, ки фарзанди шумо тӯли роҳ бароҳат хоб равад, шинад ё бозӣ кунад.
Хулоса, автокресло бояд барои сафари кӯдаки шумо бехатар бошад. Истифодаи дурусти автокресло метавонад амнияти кӯдакро дар роҳ ҳифз намуда, боиси оромиши хотири модар гардад.