formula
Интихоби дурусти сумка барои хонандаи синфи-1
2017

 

Рюкзак, портфел ё сумка – кадомаш барои талабаи синфи як беҳтар аст? Ҳангоми харидани сумка ба чӣ бояд диққат дод?

Сутунмуҳраи кӯдак каҷ  мешавад, агар...

Иштибоҳ. Аксаран вақте кӯдакон ба синфи якум мераванд, сумкаашонро волидонашон ба ҷои онҳо ба мактаб мебаранд, аммо бачаҳое низ ҳастанд, ки бояд бори донишро мустақилона бикашанд. Падару модарон гумон мекунанд, ки бо сабаби кам будани китобу дафтар сумка барои кӯдак вазнинӣ намекунад, аммо ин ақида комилан ғалат аст.

Ҳақиқат. Сумка барои толибилмони синфи як бояд пуштаки ортопедӣ, аниқтараш анатомӣ дошта бошад. Он шакли махсус дорад: аз дарун қолиби сахт ва аз дохил болиштчаҳои мулоим дорад, ки тарҳаш ҳарфи Х-ро мемонад. Қуроқи ба дарун қатшуда имкон медиҳад, ки вазнинӣ ба сутунмуҳра баробар тақсим шуда, сутунмӯҳраи кӯдак каҷ нашавад.

 Бортасма ё даста
Иштибоҳ. Иштибоҳи дигари волидон он аст, ки бо сабаби камвазн будани сумка ба китф кашол кардани сумкаро муҳим намешуморанд. Аксари падару модарон бо андешаи он ки хоҳ-нохоҳ умкаро худашон то синфхонаи фарзандашон мебаранд, ба ҷойи сумкаи китфакдор ба ҷигарбандашон сумкаеро харидорӣ мекунанд, ки дар китф овезон карда мешавад.

Ҳақиқат. Агар шумо дар фикри саломатии фарзанди худ бошед, кӯшиш намоед, ки ба сутунмуҳраи кӯдак вазнинӣ наафтад. Рюкзаки мактабӣ бояд бортасмаи мулоим дошта бошад, беҳтараш бортасмаи шакли S доштаро интихоб намоед. Паҳмии бортасма бояд 5-8 см ва , мулоим бошанду дарозу кутоҳ карда шавад, вагарна кудак нороҳат мегардад.

 Ба бозор тарозу баред
Иштибоҳ. Агар портфел аз ҳад зиёд сабук бошад, шаклаш тағйир меёбаду пайваста аз китф мелағжад.

Ҳақиқат. Вазни максималии сумкаи холӣ барои бачаи синфи 1 бояд 1 кг бошад. Ҳангоми интихоби сумка кӯшиш кунед, ки модели сабуктарашро интихоб намоед, зеро шумо намедонед, ки баъди ба сумка ҷойгир кардани китобу дафтар ва дигар чизҳои даркорӣ вазни сумка чӣ мешавад.

 Шакли сумка
Иштибоҳ. Боз як иштибоҳи падару модарон дар он аст, ки ба шакли сумка диққат намедиҳанд. Аксаран волидон моделҳои варзишӣ ва ғайриодиро интихоб мекунанд, то ки сумкаи фарзандашон аз дигарон фарқкунанда бошад, аммо ин роҳи ҳалли масъала нест.

Ҳақиқат. Модели қолибдори пушташ сахт ҷузъдон асту боқимондааш рюкзак, аммо баъзеҳо фарқи онро намедонанд. Модели беҳтарин барои бачаи синфи 1 сумкаи шаклаш росткунҷа аст. Қабл аз харидаин сумка ҳатман санҷида бинед, ки албоми расмкашӣ дар он ҷой мегирад ё не.
Рюкзакҳои қолибдор шаклашонро ҳамеша нигоҳ медоранд ва вазнинӣ ба сутунмуҳра намеафтад. Чунин портфел ба тахтапушти кӯдак ҷафс меистад.

  Андозаи беҳтарин
Иштибоҳ. Волидон гумон мекунанд, ки ба бачаи синфи як рюкзаки хурдакак кофӣ аст ё баръакс модеоли калонтарро интихоб менамоянд, то кӯдак онро чанд сол истифода бурда тавонад.

Ҳақиқат. Рюкзак хеле қиматбаҳо бошад ҳам, ин маънои онро надорад, ки хуб аст. Эҳтимол дар назари истеҳсолкунандааш хуб бошад, вале оё он ба фарзанди шумо мувофиқ меояд ё не? Барои он ки кӯдакон худро роҳат ҳис кунанд, бояд андозаи дурустро интихоб намуд. Ба мағоза рафта, моделҳои бароятон писандро санҷида бинед, паҳмии рюкзаки дуруст набояд аз паҳмии китфони кӯдак бештар бошад. Қисмати поёни он бояд то миёни мактаббача расад.

 МАТЕРИАЛ
Иштибоҳ. Агар шумо сумкаи аз матои клеёнкагӣ тайёршударо интихоб намоед, иштибоҳ мекунед.

Ҳақиқат. Матое, ки аз он сумка омода мегардад, хеле аҳамияти муҳим дорад. Сумкаи бақувват чанд сол ба кӯдак хизмат карда метавонад. Имрӯз тамоми сумкаҳои мактабӣ аз полиэстер духта мешаванд. Қабати болоии матои сумка хусусияти обногузар дорад. Чунин рюкзак дар рӯзҳои боронӣ тар намешавад. Бартарии дигараш дар он аст, ки дар сурати чиркин шуданаш ҳама гуна ифлосиҳои онро бо истифода аз салфеткаи тар тоза кардан мумкин аст.

 ФУРНИТУРА ва ЭЛЕМЕНТҳои иловагӢ
Иштибоҳ. Сумкаи бандакаш часпак (липучка)-ро интихоб карда, зидди кисаҳои иловагӣ доштани сумка бошед, шумо иштибоҳ мекунед.

Ҳақиқат. Портфелҳое, ки тавассути занҷирак маҳкам мешаванд беҳтарин ҳастанд. Беҳтараш сумка ду занҷирак дошта бошад, он гоҳ кӯдак бе ягон мушкилӣ онро ба ду тараф кушода метавонад. Киссаҳои гуногуни иловагӣ аз беруни сумка боз як ҷиҳати мусбӣ доранд, дар ин кисачаҳо кӯдак шишаи об, ягон хӯрока ё чизҳои даркорияшро мегузорад.

 Даруни сумка
Иштибоҳ. Шумо сумкаеро интихоб мекунед, ки дарунаш пур аз киссаву чанд ҷой дорад? Боз иштибоҳ мекунед.

Ҳақиқат. Рюкзак на танҳо бояд калон, балки ба талабот ҷавобгӯ бошад. Сумка барои толибилмони синфҳои ибтидоӣ бояд ба стандарт ҷавобгӯ бошанд: як хончаи калону асосӣ, як-ду киса барои албом ва папкаҳо ва дафтаргузорӣ кифоя аст.

 ДИЗАЙН
Иштибоҳ. Иштибоҳи дигари волидон ҳамин аст, ки ҳар сумкаеро харидорӣ намуданд, кӯдак бояд онро ба мактаб барад.

Ҳақиқат. Дизайни сумка барои кӯдак хеле муҳим аст. Беҳуда сумкаро табъи дили худ интихоб накунед, вақте ороиши сумка ба кӯдак писанд нест, метавонад аз маткаб дилмонда шавад. Сумкаеро интихоб намоед, ки дар мӯд аст ва диққат диҳед, ки тасвирҳои он ба фарзанди шумо хуш меоянд ё не...

 Ороиши иловагӣ
Иштибоҳ. Волидон парвои онро надоранд, ки пенал ё лавозимоти мактабӣ чӣ гуна ороиш доранд ва ин боз як иштибоҳи эшон аст.

Ҳақиқат. Хеле хуб мебуд, агар ҳангоми харидорӣ намудани лавозимоти даркории дарсӣ аз қабили пенал, сумка барои пойафзол, пешбандак барои дарси меҳнат, папка барои дафтар дизайни якхела дошта бошанд. Беҳтараш пенали мулоиму занҷиракдорро интихоб кунед. Папка барои дафтар бояд сахт бошад. Қабл аз харид санҷида бинед, ки оё дар он дафтар ҷой мегирад ё не.

Инак, хулоса мебарорем
Дар интихоби рюкзак меъёрҳои зеринро ба эътибор гиред:

  • Пуштаки анатомӣ бо қолаби сахти дохилӣ ва рӯйкаши берунаи мулоим;
  • Бортасмаи паҳми (5-8см) шаклаш S, ба қолаби китф мувофиқ;
  • Тамоми ҷузъдонҳои холӣ барои бачаҳои синфи 1 бояд вазни аз 1 кг кам дошта бошанд;
  • Шакли муносиб – росткунҷа. Портфели пур бояд шаклашро нигоҳ дошта тавонад;
  • Паҳмии сумка набояд аз паҳмии китфон бештар бошад. Қисмати поёни он бояд то миён бошад;
  • Матоъ – полиэстери обногузар;
  • Занҷирак ва қулфак бояд бақувват ва қуллай бошанд;
  • Сумкаи чанд хонача дошта;
  • Дизайни сумка бо акси қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдак;
  • Лавозимоти даркории дарсӣ бояд дизайни якхела дошта бошанд.
    Тарҷума аз:https://babadu.ru/academy/article/vibor-shkolnogo-ranca 
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД