Arzon march 2024
Нақши падару модар дар тарбияи фарзанд
7670

Ятим касе нест, ки падар ва модараш реҳлат карда бошанд ва ӯро бепаноҳ, дармонда дар ҷой гузошта бошанд, балки ятим онест, ки аз таълим ва тарбия дур монда, модар бе таваҷҷӯҳ ва падар саргарму машғул ба кори худ бошад.

Таълим ва тарбияи фарзандон, водор кардани онҳо ба корҳои нек ва боздоштани онҳо аз корҳои зишт аз вазифаи сангини падару модарон ба ҳисоб меравад.

Падару модар бояд мувозинати адолатро дар оила, миёни фарзандон дар ҳама маврид нигоҳ дорад. Тарбият на фақат муҳаббат ва дилсӯзӣ ба як фарзанди дилписанд аст, балки ба ҳамаи фарзандон бо як чашм нигоҳ кардан ва хубиву бадии онҳоро берӯихотир баррасӣ кардан мебошад. Дар акси ҳол ба иллати беадолатии волидон ниҳоли кина ва ҳасодат дар дили фарзандон нисбат ба якдигар реша давонида, ҳосили талх ба бор хоҳад овард. Ёд оред Юсуфро ки аз тарафи падарашон Яъқуб баргузида шуд ва аз сари ҳасади онҳо боиси ба чоҳ афтоданаш гардид. Ин буд ҳосили он чи ки Яқуб Юсуфро бештар аз онон дӯст медошт. Бинобар ҳамин сабабҳо падару модарро зарур аст, ки бо ҳамаи фарзандон якранг муносибат намоянд.
Тарбияи кудакро бояд бо дарназардошти табиати ӯ ва муҳит ба роҳ монд. Аз ин рӯ мақсади тарбия тавсия ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созандаи шахсияти кӯдак маҳсуб меёбад. Бо ҳамин далел тарбия дар ин давра бояд комилан ба ӯҳдаи хонавода бошад. Агар волидайн дар ин давра тарбияи кӯдакро масъалаи сода шуморад ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намояд, пас аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шуд.

Имом Муҳаммади Ғазолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб мусаффо хоҳад шуд».

Бо такя ба гузаштагони орифамон, хираду заковати азалии миллати тоҷик, маънавиёти ғанӣ, суннатҳои ҳазорсола ва арзишҳои волои умумибашарӣ, риояи ҳуқуқи кӯдакон дар тарбияи насли наврас итминони комил дорем ба ин ҳадафи бузург муваффақ хоҳем шуд.

Лутфия Қаландарова,

омӯзгори МТМУ № 96, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД