Sebiston new 2024 october
Мехоҳед занатон дугоник зояд?
7344

 

Тавлиди дугоникҳо ин хушбахтию хушҳолии дукарата ва ҳамзамон ташвиши ду маротиб бештар барои волидайн аст, аммо новобаста ба ин, дидани ду тифлаки якхела ҳаваси карсо меорад. Новобаста ба вазъи иқтисодӣ ва мавқеи ҷамъиятиашон аксари одамон дар қаъри дили худ орзу мекунанд, ки фазанди дугоник дошта бошанд, чунки дугоникҳо ба назар бисёр аҷиб ва пурмуаммо менамоянд. Шумо ҳам дар орзуи тавлиди дугоник ҳастед. Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Тавлиди дугоник авлодист?
Одатан дугоник дар оилаи касоне ба дунё меояд, ки дар авлодашон пештар низ дугоник будааст. Ба таври дигар гӯем, таъсири ирсият дар тавлиди дугоникҳо хеле зиёд аст. Аммо роҳҳои дигаре низ ҳастанд, ки тавасути он ҳатто занҳои дар авлодашон ягон дугоник набуда ҳам дугоник таваллуд карда метавонанд.

Эко кунед!
Аз паси карера давида масъалаи соҳиби фарзанд шуданро ҳамеша қафо мепартофтед. Акнун, ки синну солатон ба ҷое расидааст, мехоҳед вақти аз даст додаатонро ҷуброн намуда, якбора соҳиби ду фарзанд гардед?

Роҳи аз ҳама осонӣ соҳиби дугоник шудан рӯ овардан ба бордоркунии сунъӣ-ЭКО мебошад. Барои он ки ин амалияти қиматбаҳо бобарор гузарад, ба бачадони зан якбора 3-4 ҳуҷайраи бордоршуда ворид карда мешавад. Аз ҳамин сабаб аксари хонумҳое, ки бо роҳи сунъӣ ҳомиладор шудаанд, дугоник ё сегоник таваллуд мекунанд.

 

Мӯъҷизаи доруҳои ҳормонӣ

Зан муддати дуру дароз доруҳои ҳормонӣ (контрацептивов) истеъмол намояд, пас аз қатъи истеъмоли ин доруҳо имконияти ҳомиладор шуда, дугоник таваллуд карданаш даҳчанд мегардад.

 

Зани ҷавон нагир, дугоник намезояд!

Аксари мардон гумон мекунанд, ки зан ҳар қадр ҷавонтар бошад, ҳамон андоза насли солим ва бақувват медиҳад, аммо дар асл ин андеша ғалат аст. Шумо дар орзуи тавлиди дугоник бошед, беҳтараш на зани ҷавон, балки зани синну солаш нисбатан калонтар бигиред. Гап дар сари он аст, ки занҳои синнну солашон хеле ҷавон ниҳоят кам дугоник таваллуд ме кунанд. Синну соли зан ҳар қадар калонсолтар бошад, ҳамон андоза имконияти дугоник таваллуд карданаш зиёдтар мешавад, масалан дар 18-солагӣ имконияти дугоник ҳомилашавии зан ҳамагӣ 0,27% аст.

 


 

Тарбият на фақат муҳаббат ва дилсӯзӣ ба як фарзанди дилписанд аст, балки ба ҳамаи фарзандон бо як чашм нигоҳ кардан 

 


 

Дар 25-солагӣ ин амад ду маротиба бештар гашта, то ба 54% мерасад. Занҳои 30 сола шанси аз ҳама бештар доранд. Имкони ҳомила шуда дугоник ба дунё овардани ин бонувон 81% аст. “Дер ояду шер ояд” гуфта, масъалаи фарзанддор шуданро дурудароз ба таъхир гузоштан ҳам хуб нест, чунки пас аз 40-солагӣ қобилияти ҳомилад шудану дугоник таваллуд кардани зан якбора кам мешавад.

 

Тобистонро аз даст надиҳед!

Бештар занҳое, ки дар гармои тобистон ва аввалҳои фасли тирамоҳ ҳомиладор мешаванд, дугоник таваллуд мекунанд. Гап дар сари он ки гонадотропин-ҳормоне, ки кори тухмдонҳоро метезонад, нисбат ба сардӣ дар айёмӣ гармӣ бештар ҳосил мешавад.

 

Як хона бача мехоҳед?

Тавдили дугоник низ аз модар таҷриба мехоҳад. Ҳар қадар зан бештар ҳомиладор шуда, фарзанд ба дунё биёрад, ҳамон андоза имконияти дугоник зоиданаш зиёдтар мешавад. Пас аз таввалуди дуввум, агар шанси зан ду маротиба бештар бошад, дар таваллуди панҷум имкони дугоник ба дунё оварданаш шаш маротиба меафзояд.

 

Зани ҳомила ғамхорӣ мехоҳад

Онҳое, ки дар орзуи доштани дугоник ва ё сегониканд метавонанд аз ин маслиҳатҳо ҷасурона истифода кунанду соҳиби хушии дучанд, яъне фарзандони дугоник шаванд. Аз ҳама муҳимаш фаромӯш насозед, ки ба зани ҳомила, махсусан ба хонуме, ки дар батнаш дугоник ё сегоник дорад, ду-се маротиб бештар меҳрубонӣ кардан ва модари ояндаро бо меҳру муҳаббати даҳчанд фаро гирифтан лозим аст. Фарзандони солим мехоста бошед, нисбат ба ҳамсаратон дар давраи ҳомиладорӣ ғамхории зиёд зоҳир намуда, хӯроки таъбъи дилашро муҳаё созед ва нагузоред, ки гарди ғам ба гирдаш гардад. Хушбахт бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД