Arzon march 2024
Интихоби роҳаткурсӣ барои хона
1090

Пеш аз харидани роҳаткурсӣ, яъне кресло-диван шумо бояд на танҳо андозаи он, балки сифати маводи рӯйпӯшашро низ ба назар гиред. Диванро ҳамчун ҷои хоб барои хоби ҳаррӯза истифода бурданӣ бошед, ба матоъҳои оддӣ ва устувор, ки ба бори вазнини ҳаррӯза тоб оварда метавонанд, афзалият диҳед.

Роҳаткурсро танҳо ба сифати як гӯшаи мулоими ороишӣ дар меҳмонхона истифода бурданӣ бошед, метавонед кресло-дивани замонавии зеботарро интихоб намоед, ки нархаш албатта гаронтар аст, вале шояд камтар ба фарсудашавӣ тобовар бошад.

Ҳангоми интихоби мебели мулоим ба ранг ва нақшу нигори он низ аҳмият додан лозим аст.

Дивани калон, ки объекти марказии меҳмонхона ё толор мешавад, бояд ранг ва матоъи он ба ранги фарш, пардаҳо, девору зардеворӣ ва маҷмӯъи мебел мувофиқат намояд.

Аксарияти масолеҳи роҳаткурсӣ бо пайвастагиҳо барои додани хосиятҳои обпошӣ сохта шудаанд, то ки шуста шавад. Камтар бо импрегнатсияҳо, ки метавонанд муқовимати фарсудашавии матоъро зиёд кунанд.

Агар маводи дар сохтани роҳаткурсӣ истифодашуда аз нахҳои табиӣ бофта шуда бошад, донед, ки роҳаткурсӣ хушсифат аст. Ин имкон медиҳад, ки ҳаво осонтар гузарад ва ҳамзамон кафидану канда шудани рӯйпӯшҳоро пешгирӣ мекунад. Ин навъи матоъҳо барои истифодаи харрӯзаи мебели мулоим, яъне барои истироҳат ё хоб кардан дар рӯи роҳаткурсӣ шароити қуллайро фароҳам меоранд.

Роҳаткурсӣ аз матоъи пахтагӣ ва чармӣ низ хуб аст.

Роҳаткурсӣ барои ошхона бояд барои тоза кардан осон бошад. Матоъи рӯйпӯши роҳаткурсии ошхона бӯйро дар худ нигоҳ надорад, олиҷаноб мешавад.

Роҳаткурсӣ барои хонаи кӯдакона бояд аз ҷиҳати экологӣ тоза ва гипоаллергенӣ бошад. Беҳтар аст, ки матоъҳои намнок ва ба чанг тобоварро интихоб кунед, ки нигоҳубинашон осон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД