sebiston july new
Ишқи Аббос бо хунрезӣ анҷом ёфт
2958


Писарам Аббосиддин бо духтари Маҷиди маҳалаамон мегашт. Бародарони духтар аз ин воқиф шуда бо белу каланд ба сараш омаданд.

Пеши роҳи онҳоро на ман гирифта тавонистаму на ҳаққу ҳамсояҳо, беинсофҳо то дилашон хунук шудан зада писарамро маъюбу маслуқ карданду баромада рафтанд. Аббосиддинро чанд рӯз дар беморхона табобат намудем. Мехостам муштзӯрҳоро ба милиса диҳем, вале писарам суду судкашӣ карданро ба худ эб надида аз навиштани аризаи шикоятӣ саркашӣ намуд. Фикр кардем, ки бо ҳамин оташи ҷанҷолашон хомӯш шуд ва писарам аз ишқаш даст кашида ба роҳи худаш меравад, вале…..

Як саҳар писарамро дар ҷойгаҳаш наёфта хавотир шудам. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дода худ аз худ сиёҳӣ меовард, то омаданаш сад бор мурда зинда шудам. Баробари аз дарвоза даромадан дар куҷо буданашро пурсидам, вале ҷилави гапро ба дигар тараф тофту саросема наҳорӣ карда «ҳамроҳи ҷӯраҳоям ба қалъаи Ҳисор меравам» гӯён боз аз хона баромад. Дере нагузашта боз бачаҳои Ҳоҷӣ Маҷид ба хонаам зада даромаданд ва аз гиребони шавҳарам дошта «Сағераатро ёфта деҳ, бачаат барои кори кардааш ҷавоб медиҳад!» гӯён, ба таҳдид гузаштанд. Корд ба устухонам расиду фиғон кашидам: «Бачаҳои Ҳоҷӣ нашуда муред худобехабарҳо, чаро пеши роҳи хоҳаратонро нагирифта ин қадар ба бачаи ман мечаспед?! Духтар нахоҳад, касе бо зӯрӣ бо ӯ намегардад…»
Дар сари қаҳру ғазаб белро гирифта ба сарашон тохтам, вале яке аз онҳо аз дастам дошта хитоб кард: «Писарат додарамро корд задааст!» Бо шунидани ин хабари шум аз ҳуш рафтам. Шавҳарам ба рӯям об пошида, маро ба ҳуш овард. Зану шавҳар се рӯз бача кофтем, вале писарамро аз ягон ҷо пайдо накардем. Ҷӯраҳояш гуфтанд, ки аз тарс ба Русия гурехтааст. Бо воситаи сомонаи ОИЛА-ТЧ ба писарам гуфтан мехоҳам, ки ба бахти ӯ писари ҳоҷӣ зинда монд. Шавҳарам рафта аз онҳо бахшиш пурсид. Ҳоҷӣ ва писараш аз гуноҳи писарам гузаштанд. Аббосиддин, писарам, ғами дурии ту маро бемор кардааст. Зудтар ба хона баргард, ки дигар тоқати ҷудоӣ надорам!
Модари чашминтизорат Моҳтоб, аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД