Arzon march 2024
ИШҚИ АВВАЛ Қисми 2
05.03.2024
Дилафзо
1641

Чун мо дуртар рафтем, Мадина дасташро аз дастам раҳо карда, ба ман миннатдорӣ баён кард ва хоҳиш кард, ки ин ҳодисаро ба касе нагӯям, зеро намехоҳад дар назди дугонаҳояш, омӯзгорон ва падару модараш шармсор шавад. Ман қавл додам, ки ин сирро ба касе намегӯям, вале агар он писар бори дигар пеши роҳашро гирифт, бояд ҳатман маро хабардор кунад. Мадина хандиду гуфт:

-Охир, ту ба ман кӣ мешавӣ, ки ман аз ту ёрӣ хоҳам? Беҳтараш ба ман кордор нашав, зеро он писар ин дафъа туро чизе нагуфт, дар асл агар як пуф кунад, ту ба ким куҷо парида меравӣ,- гуфту хандакунон аз назди ман дур шуд. Ман бошам, чизе нагуфтам.

Баъди гузаштани чанд рӯз боз шоҳиди он шудам, ки ҳамон писар пеши роҳи Мадинаро гирифта, мехоҳад бо ӯ гап занад. Дарҳол рафта, ба Мадина гуфтам:

-Чаро ба ман дурӯғ мегӯӣ, ман дида истодаам, ки ӯ туро ғам медиҳад. Писар наздик шуда, чунон ба рӯям зарбае зад, ки худро дошта натавониста, ба замин афтидам ва додзанон ба ман гуфт:

-Ин духтар моли ман аст, ту дигар миёни мо надаро!- Мадина бошад, гирякунон аз он писар хоҳиш мекард, ки маро назанад. Гиряи Мадина ба ман қувват бахшиду зуд аз ҷой бархоста, аз гиребони он писар сахт дошта, гуфтам:

- Ту медонӣ, ман кистам? Ман додари Алӣ ҳастам, ҳамон Алие, ки дар мактаб касе бо ӯ сар ба сар шуда наметавонад.

Писар инро шунида, як лаҳза карахт шуд, чун ба худ омад, аз ман бахшиш хоста, илтимос кард, ки ба Алӣ чизе нагӯям. Ҳамчунин аз Мадина низ бахшиш хоста, қавл дод, ки дигар ба ӯ кордор намешавад.

Мадина аз чунин ранг гирифтани ҳол дар ҳайрат монда, наздам омаду аз ман узрхоҳӣ намуд:

-Маро бубахш, ки гапи туро гӯш накардам,-инро гуфту беихтиёр маро ба оғӯш гирифт. Лаҳзае худамро ба қавле гум кардам ва аз ҳаяҷони зиёд ман ҳам ӯро ба оғӯш гирифтам. Ҳамин тавр, ишқи мо шурӯъ шуд.

Минбаъд мо мудом дар робита будем. Ягон лаҳзаи холигиамонро бе якдигар намегузаронидем. Якҷоя мактабро хатм намуда, ҳуҷҷатҳоямонро ба донишгоҳ супоридему донишҷӯ шудем. Ҳангоми дар бахши сеюм таҳсил карданамон хонадор шудему хушбахтии комил насибамон гашт. Аз зиндагии якҷоя соҳиби се фарзанди дӯстрӯяк Шамъигул, Гулдаста ва Иброҳим шудем, ки онҳо самараи ишқи ҷовидонии мо мебошанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД