sebiston july new
Ишқи ба ғам олуда (қисми 1)
1400

 

Он рӯзеро, ки ба тарабхона се марду як зани хушлибосе омаданд, Мушкин ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Мизоҷон маҳз ба ҳамон мизе нишастанд, ки бояд Мушкин хизмат мекард. Ӯ варақи рӯйхати таомҳоро дода, интизори фармоишот буду ҳис мекард, ки се мард бо нигоҳи ҳарисонаи худ сар то пойи ӯро аз назар гузаронида истодаанд. Зан бо лаҳни хушу табъи болида фармоиш доду Мушкин аз пайи иҷрои он рафт. Он рӯз меҳмонон аз арзиши таому ҳақи хизмат зиёдтар пул дода, «бақия лозим нест, чойпулии худат, духтари зебою ширин» гуфта рафтанду симои онҳо дар ёди ӯ нағз монд. Дар давоми қариб ду моҳ ин чор нафар боз чанд маротибаи дигар меҳмони тарабхона шуда, бо Мушкин аз наздик шинос шуданд. Зан, ки Маҳтоб ном дошт, бо сухонони хуши худ дилашро ёфта, моилаш сохту роздонаш гашт.

- Аз субҳ то нисфи шаб бо ду по рост маоши мегирифтагиат ҳамин бошад, беҳтараш биё, бо ман ба тиҷорат машғул шав,-гуфт рӯзе.

- Барои оғози кори тиҷорат маблағ лозим, ман бошам, ҳатто пасандозе надорам,- ҷавоб дод Мушкин.

- Боке нест. Ман туро нағз шинохтам. Нонро газӣ, калон газ! Дар аввали кор ҳам пул медиҳаму ҳам хароҷоти роҳро низ ба зимма мегирам, ҳамин ки фоида ба даст омад, хоҳию тавонӣ, баргардон, натавонӣ ҳам, чизе намегӯям.

Мушкин фирефтаи ваъдаҳо розӣ шуду онҳо ба Дубай рафтанд. Олиҳимматии Маҳтобро ҳад набуд, бахусус вақте ки ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ дар майдони ҳавоӣ як нафар шиноси Маҳтоб ӯро бе тафтишот то дохили тайёра гусел карда, ҳатто «мо аз дасти шумо бисёр нону намак хӯрдем, ин кам бошад ҳам, як чойпулӣ шавад» гӯён, ба дасташ як 100-доллара дод.

Натиҷаи сафар он қадар зиёд набошад ҳам, ба ҳар ҳол аз маоши Мушкин хеле беш буд. Ин маблағ ӯро дилгарми тиҷорат намуду боз роҳи аморатро пеш гирифт. Ба нею нестонаш нигоҳ накарда, Маҳтоб ба ҷомадон либосу чизҳояшро ҷой карду боз ба воситаи шинос бе тафтишоту азназаргузаронӣ гузашту рафт. Агар дар меҳмонхона ӯ нохосту тасодуфан гуфтугӯи Маҳтобу ду мардро намешунид, кӣ медонист ба сараш чӣ балоҳое меомаду ҳоло дар куҷо мебуд.

Баъди сайругашти шаҳр ва харид онҳо ба меҳмонхона баргаштанду дар даромадгоҳ Маҳтобро ду марди арабсимо пешвоз ва ба гап гирифтанд. Мушкин ба онҳо аҳамият надода, ба утоқаш рафту худро мондаю ноҳинҷор ҳис карда, рӯйи кати хоб дароз кашид. Чанде пас Маҳтоб омаду ӯро ном гирифт. Вале Мушкин, ки ҳанӯз хобаш сахт набурда буд, аз коҳилӣ чашм ҳам накушоду посух ҳам надод. Хомӯширо дида, Маҳтоб даст ба телефон бурд. Гуфтугӯи ғайриоддии Маҳтоб Мушкинро ҳушёр карда бошад ҳам, ин бор барқасд худро хоб вонамуд карда, ҳар як ҳаракати ҳамсафарашро зери чашм назорат кард.

Маҳтоб ҷомадони Мушкинро кушода, аз зери либосҳояш коғазпечеро берун кард. Ҳамин дам он ду нафари дами дар дидааш вориди утоқ шуданду Маҳтоб «ана бор, расо 2 кило» гӯён, бастаро дароз кард ва яке онро гирифту дигаре як қабза долларро дода, ҳангоми хайрухуш «дафъаи дигар зиёдтар шавад» гуфта рафтанд. Ана, сабаби олиҳимматии Маҳтоб дар чӣ будаву ӯро, соддаю гумроҳро воситаи боркашонӣ қарор додаанд.

Аз алам Мушкин ба худ мепечид, намедонист дар ин мулки мусофирӣ ба куҷо раваду аз кӣ имдод ҷӯяд. Не, не, беҳтараш то ба Ватан баргаштан худро аз ҳама бехабару бепарво вонамуд нишон доданаш хубтар аст.

Тӯҳфа АҲМАДОВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД