Ишқи доллар (ҚИСМИ 1)
1130

Амакдухтарҳо

Ин амакдухтарҳо мисли дугоник буданд. Аз хурдӣ дар зери як кӯрпача калон шуда, ҳамеша ҳамроҳ ва ҳамрозу ғамхори якдигар буданд, вале…

Гулнигор духтараки нармгуфтору хушмуомила, Зарнигор бошад, баръакси амакдухтараш шӯхтабиату шартакигӯй буд. Дар мактаб ҳам Гулнигор хуб мехонду Зарнигор бо орову торо додани худ овора буд. Завқи хондану навиштан надошт. Тамоми иншоҳои Зарнигорро Гулнигор менавишт. Зарнигор танҳо навиштани рубоиҳои ошиқонаро дӯст медошту халос. Ҳамин тавр, ду дугона, ду амакдухтар бо орзуҳои ширин мактабро хатм намуданд. Гулнигор ба донишгоҳ шомил шуда, амакдухтарашро низ ба идома додани таҳсил ташвиқ намуд, аммо Зарнигор ҳавсалаи хондан надошт. “Беҳтараш кор карда ҷиҳози арӯсиамро мехарам” гӯён, вай ба як ташкилоти ғайридавлатӣ коркобӣ рафт. Азбаски компютерро намедонисту ягон ҳунар ҳам надошт, Зарнигорро ба ҳайси фаррош ба кор гирифтанд.

Маъшуқаи раис

Ташкилот бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда буд. Кори Зарнигор танҳо қолинҳоро бо чангкашак тоза кардану коғазҳои ҷамъшударо ба партовгоҳ бурда партофтан буд. Дар аввал дар корхона касе ба ин духтараки камбағал таваҷҷуҳ накард, вале баъдтар Зарнигор аз пули маошаш барои худ либосҳои фохир харида, рӯю мӯяшро бо кумаки машшотаҳои кошонаи ҳусн ба тартиб дароварду зебову дилкаш гашт. Ин тағйироти фаррошдухтари ҷавон ҳатто аз назари сардорони ташкилот дур намонд. Акнун раис, ки як марди пир буд, тез-тез ба Зарнигор хушомад зада, гапҳои ширин мегуфт. Зарнигор таваҷҷуҳи марди серпулро эҳсос намуда, худро орову торо дода, бо ҳар баҳона ба дафтари ӯ даробаро мекард. Раиси 62-сола чашм аз қаду қомати базеб ва роҳгардиҳои мисли кабки дарӣ хушхироми фаррошдухтар наканда, аз пасаш дурудароз бо ҳавас дида медӯхт.

Дар оғӯши раиси пир

Рӯзе ҳангоми ба гулдон оби тоза рехтан раиси пир дастони Зарнигорро дошта, ӯро бӯсаборон кард. Духтар муқобилият накард. Раис аз нарамидани ин оҳуи кӯҳӣ дар дил хурсанд шуда, дарро баст ва ба гӯши Зарнигор таронаҳои ширин хонд.

Аз ҳамон рӯз сар шуд қиссаи ишқи Зарнигори 18-солаву раиси 62- сола. Барои он ки сирри ишқварзиаш бо фаррошдухтар дар корхона фош шуда, обрӯяш нарезад, раис хонаеро барои Зарнигор иҷора гирифт. Духтар бо баҳонаи дурии роҳ дар шаҳр монда, шабҳоро дар оғӯши ошиқи пираш саҳар мекард.

Гулнигор карру фар ва сарулибоси амакдухтарашро дида, ҳайрон мешуд, ки чӣ тавр Зарнигор бо фаррошӣ соҳиби ин қадар дову дастгоҳ шудааст.

Вохӯрии дугонаҳо

Рӯзҳову моҳҳову солҳо пайиҳам гузаштанду Гулнигор низ донишгоҳро хатм намуда, дар корхонаи давлатие ба кор даромад. Ду сол кор кард, вале як тин пулашро беҳуда сарф накунад ҳам, соҳиби ҳуҷрае шуда наметавонист. Азбаски роҳи деҳаашон дур буд, баъзан дар хонаи дугонаҳояш шабашро рӯз мекард. Боре тасодуфан бо Зарнигор вохӯрду, ҳарду хеле чақ-чақ карда, аз айёми мактабхониашон ёдовар шуданд. Зарнигор аз Гулнигор гила кард, ки дар хонаи ӯ неву дар хонаи ҳамсабақонаш меҳмон мешавад. Гулнигор ваъда дод, ки рӯзи душанбе баъди кор ба хонаи ӯ меояд, зеро он рӯз ҷумъа буду бояд ба деҳа ба аёдати падару модараш мерафт. Зарнигор Гулнигорро гусел карда, шодона ба сӯйи коргоҳаш равон шуд. Раиси пир ҳар шаб аз ӯ хоҳиш мекард, ки барои як дӯсташ худаш барин ягон духтараки зебои деҳотиро ёбад. Зарнигори маккора духтарамакашро пешниҳод карданӣ буд. Вай боварӣ дошт, ки Гулнигори бехонаву дар барои соҳиби ҳуҷраяке шудан ба ишқварзӣ кардан розӣ мешавад.

(Давом дорад)

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД