formula55
Ишқи духтари нобино Қисаи 2
1589

                         Мушкилоти ишқ

Ман бо падарам мисли ҷӯра будем ва ба ӯ дар бораи Беназир сӯҳбат кардам, падарам “ин савдои хеле мушкил, бачам” гуфту дигар ба ман кордор нашуд, аммо модарам дунёро ба сараш бардошт.

-Дар дунё дигар духтар намондааст, ки ба як кӯр ошиқ шудаӣ, мардум ба ҳоли ман механданд! Агар аз ҳамун кӯри ҷодугар даст накашӣ, шири додаамро намебахшамат! -Модарам ҷанг мекарду мегирист, мегиристу ҷанг мекард, вале ман дар мақсади худ устувор ба назди падари Беназир рафтам. Ин марди сарватманду ҷиддӣ маро гӯш карду гуфт:

-Ишқ ин як падидаест, ки дароз тӯл намекашад. Зиндагӣ чизи дигар аст, бо нобино зиндагӣ кардан осон нест, баъд ҷомеаи мо инро қабул надорад, ки як ҷавони солим ба як духтари бемор расад. Ба ҳамин хотир, шумо аз ин ҳавасатон даст кашед, ҷавони хуб.

Ман гуфтам, ки ба хотири Беназир ҳама гуна мушкилро қабул дорам, мо чор-панҷ соат сӯҳбат кардему ӯ Беназирро даъват кард. Беназир вақте ба назди ман мерафт, ҷинсу майка дошт, ҳоло бошад дар тан куртаи одии чити гулдор ва рӯмол дошт, ки ба ӯ хеле мезебид. Беназир бо падараш хеле озод гап мезад, ӯ гуфт:

-Дадаҷон, ман бо Шаҳзод чанд моҳ боз шиносаму ба ӯ бовар дорам. Розӣ шавед, ман мехоҳам соҳиби фарзанд шавам то фардо дастамро бигирад. Боке не, агар волидони Шаҳзод розӣ набошанд, ӯ метавонад ғайри ман зани дигар гирад.

Ман аз ин ҷуръати Беназир ҳайрон шудам ва гуфтам, ки ба ман ягон хел зани дигар даркор нест, Беназирро дӯст медорам ва то охири умр вафодор мемонам! Падари Беназир гоҳ ба вай нигоҳ мекарду гоҳ ба ман ва оқибат ризо шуд. Ман ба хона омада ба падарам гуфтам, ки ба хонаи падари Беназир хостгорӣ равад, модарам худро ба касал зад, гиристу пеши поям афтид, вале ман ба гапи худ истодам. Падарам ноилоҷ хостгорӣ рафт ва тӯйи мо баргузор гашт.

                                    Зиндагии асал

Падари Беназир ба як шарт ба тӯйи мо розӣ шуд, ки дар хонаи барои духтараш харида зиндагӣ мекунем, зеро Беназир ба он ҷо одат кардааст. Боз дояаш Валя- хола ҳам бояд бо мо зиндагӣ кунад. Беназир модар надошт, модараш хеле ҷавон оламро падруд гуфтаву падараш зани дигар гирифта буд. Бародараш дар хориҷа зиндагӣ мекард. Тӯйи мо хеле бошукӯҳ баргузор гашт, аз тарафи мо танҳо падараму аммаву амакҳоям иштирок доштанд, модарам наомад. Зиндагиямон чун асал ширин оғоз ёфт, Валя- хола дасту пойи ҳамсарам буд, Беназир бе кумаки вай ҳам бисёр корҳоро ба анҷом мерасонид. Ман ҳам дар вақтҳои холигӣ ба кору бори хона машғул мешудам то азизи дилам орому осуда бошад. Баназирро он қадар дӯст медоштам, ки гумон мекардам дар дунё аз вай азизтар кас надорам, гирди номам ҳар гуна гапҳо паҳн мешуд, гӯё ман ба хотири давлату сарвати падари падараш ӯро ба занӣ гирифта бошаму боз гапҳои дигар, аммо ман воқеан ҳамсарамро дӯст медоштам. Дар қади Беназир кӯдак шуду хурсандии мо ҳадду канор надошт, ҳарчанд ман кор мекардаму муҳтоҷ набудем, аммо хусурам тамоми шароитро барои мо фароҳам меовард. Ба хотири духтур бурдани духтараш бароям мошини қимматбаҳои хориҷӣ харид, хулоса аз чизе камбудӣ надоштем.

                                   Ормонӣ

Ҳомиладории Беназир хеле душвор мегузашт, дилаш бемор шуд, ба ӯ гуфтем, ки исқоти ҳамл кунад, баъди табобати дилаш Худо хоҳад, фарзанддор мешавем, аммо нахост. Хусурам моро ба Русия фиристод ва Беназир таҳти табобати духтурони беҳтарин қарор дошт, вале ин ҳама фоидае накард.

Беназири нозанини ман сари фарзанд рафт ва писаракамон шири модарро начашидаву рӯи модарро надида, ятим монд. Аҳволи маро худам медонистаму Худо. Инак, писарам шашсола шудааст, модарам пушаймон шуда, бо ман оштӣ карду хостанд писарамро ба тарбияи худ гиранд, аммо ман нахостам. Ҳоло ману Валя-хола ва Назирҷон танҳо зиндагӣ мекунем, бонувоне ҳастанд, ки рӯйирост изҳори муҳаббат мекунанд. Падару модарам, ҳатто хусурам бароям зан меёбанд, аммо ман ба ҷойи Беназирам касеро қабул карда наметавонам.

Сабаби навиштани қиссаи зиндагиям барои холӣ кардани дилам буд, вагарна ягон маслиҳату машварат дарди маро кам карда наметавонад.

                                        Шаҳзод, вилояти Суғд

                                          Таснифи Нисо Холид                                 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД