Ишқи марди нашъаманд (ҚИСМИ 1)
09.01.2026
Oila.tj
1195

Насибаро волидонаш бо тӯю тамошо ба хонаи бахташ гусел карданд. Рӯзҳои аввали зиндагӣ Салим нисбати арӯсаш меҳрубон буд ва кӯшиш мекард, ки худро шавҳари беҳтарин нишон диҳад.

- Салим пеш аз тӯйи шумо қариб ҳар рӯз аз худ бехабар шуда, ба хона меомаду доим моро азоб медод. Бародарону хоҳаронашро латукӯб мекард, ману падарашро дашномҳои қабеҳ медод. Ҳамсояҳо ба мо маслиҳат доданд, ки хонадораш кунед, ҳушу хаёлаш ба занаш банд шуда, ин корҳояшро фаромӯш мекунад. Дар ҳақиқат баъди зангириаш писарам тамоман одами дигар шуда монд. Духтарам, ту ҳамаи моро аз ғаму андуҳ раҳо кардӣ,- дарди дил намуд рӯзе хушдоманаш.

Бо шунидани ин сухан ба дили арӯсак алов афтид, вай метарсид, ки мабодо Салим боз ҳамон корашро сар кунад, ҳолаш чӣ мешавад?!

Кӯзапуштро гӯр рост мекунад

Салим бо чашмони монанди хун сурх ба хона омада, мисли саги девона ба ҳама дармеафтидагӣ шуд. Ҳар чизи аз пешаш баромадаро мешикаст, ҳар чӣ меёфт, ба сари Насибаю бародаронаш мезад. Кор кардан дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд. Нафақаи падару модарашро маҷбуран аз дасташон мегирифту ба корҳои ношоям даст мезад. Як пули пучак кор накунад ҳам, пайваста хӯрокҳои болаззат талаб менамуд. Хӯроки хостаашро наёбад, Насибаро аз мӯйҳояш кашолакунон ба хона дароварда, чойнику пиёларо ба сараш зада мешикаст ва пораҳои шикастаи зарфҳоро ба бадани ӯ мехалонд. Падару модараш ба байн дароянд, таъкид мекард: «Кордор нашавед, вагарна бачаҳоятонро мекушам!». Одатан пас аз моҷаро вай аз хона баромада мерафт ва баъди баргаштанаш «ман бояд касеро азоб диҳам, то худамро ором кунам» гӯён, худашро дар назди ҳамсару волидонаш сафед мекард. Бо ҳамин ҳол Насиба духтарчаи дуюмашро ба дунё овард. Салими ношукр «чаро барои ман боз духтар таваллуд кардӣ?» гӯён, шабу рӯз Насибаро ранҷу азоб медод.

Қасди куштор

Рӯзе Насиба нав сатилро гирифта ба оғилхона говҷӯшӣ даромада буд, ки шавҳараш аз пасаш даромад ва дарро аз дарун маҳкам кард. Салим сатилро аз дасти Насиба гирифта, бо банди гӯсола занашро дар шифти оғил дор кашид. Хайрият, ки духтари ҳамсоя тасодуфан гиряву нолаи Насибаро шунида, мардумро бохабар кард, вагарна бечора дар як дам мурда мерафту ду кӯдакаш ятим мемонданд. Ҳамсояҳо дари оғилро зада шикастану бандро бурида, ҳалқаи дорро аз гардани ҷавонзани ниммурда раҳо намуданд. Салим гурехта рафту хушдоманаш чанд рӯз Насибаро беморбонӣ кард. Ҷавонзани аз ҷабри шавҳари наркоман ҷонаш ба лабаш расида, мехост ба хонаи падараш баргардад, вале боз кампири хушдоманаш гиряву зорикунон ӯро аз роҳаш гардонд.

Домод не, деви бадкирдор

Модари Насиба меҳмонӣ омада, шоҳиди ҷанҷоли домод гашт.

- Чаро оши бурида пухтӣ?!,- дод мезад бо тамоми овоз Салим.

- Бачаҷон, охир дар хона дигар чизе нест, келин чӣ тайёр кунад?!,- мегуфт модараш.

- Хонаро фурӯшед, гову молро фурӯшед, чӣ коре намекунед, шиками маро сер кунед!,- аррос зад Салим ва бо қаҳр дегро чаппа карда, Насибаро 3-4 лагад заду аз дар баромаданӣ буд, ки назараш ба хушдоманаш афтид. Насиба аз волидонаш то он вақт сирру асрори зиндагиашро пинҳон медошт, вале модараш бо чашмони худаш дид, ки вай дар хонаи шавҳараш чӣ рӯзи сиёҳе доштааст.

- Ту то имрӯз ҳамин хел азоб доштӣ?,- гӯён, модар бо чашмони пурашк Насибаро аз замин бардошт.

- Очаҷон, ҳоло ҳамааш хуб мешавад,- модарашро тасаллӣ дод Насиба ва хуни сару рӯяшро поккунон чоймонӣ рафт.

Модараш мехост ӯро ба хона барад, вале Насиба розӣ нашуда, гуфт:

- Бо ду кӯдак рӯзам дар ягон ҷо намегузарад, оча! Тақдирам ҳамин будааст, кушад ҳам, аз шавҳарам ҷудо намешавам.

Модар аз хонаи духтараш бо хотири парешон баргашт. Дилаш аз пешомади ногуворе дарак медод.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД