arzon replenishment
Табибон кӯдакро куштанду...
3221

 

  Мунирахон дар яке аз таваллудхонаҳои вилояти Суғд духтури занона шуда кор мекарду соҳиби обрӯю эҳтиром буд, вале шавҳараш Фарҳод, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекард, ба ҷону ҳолаш намонда ӯро ҳамроҳаш ба Русия бурд.

Соҳиби дипломи сурх бошад ҳам, Мунирахон натавонист дар кишвари бегона ҷойи кор ёбад, бинобар ин, гоҳ-гоҳ бо занҳои бозоршин гап зада, заҳри дилашро мебаровард. Ба бонувони муҳоҷир кӯмаки тиббӣ лозим шавад, дарҳол дасти ёрӣ дароз мекард. Ҳамин тавр шаш моҳ гузашту Мунирахон ҳомиладор шуд. Зану шавҳар аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, чунки тифлак барояшон фарзанди деринтизор буд. Фарҳод занашро сахт эҳтиёт карда, намемонд, ки Мунираи ҳомиладор дасташро ба оби хунук занад.

           Нуҳ моҳу нуҳ рӯзи ҳомиладорӣ бо орзуҳои ширину хаёлоти рангин гузашту ниҳоят як бегоҳӣ Мунирахонро дарди зодан гирифт. Азбаски худаш духтур буд, баробари дард задан шавҳарашро огоҳ намуда, хоҳиш кард, ки ӯро ба таваллудхона барад, зеро хуб медонист, ки ягона роҳи зиндаю саломат ба дунё овардани фарзандаш ҷарроҳист.

 Фарҳод зуд таксиеро киро карда ҳамсарашро ба наздиктарин таваллудхонаи шаҳри Санкт-Петербург бурд. Табибон аз дард печидани Мунираи фурсати зоданаш фарорасидаро бинанд ҳам, чунон вонамуд мекарданд, ки гӯё дар наздашон одам не, магас аст. Фарҳод ба онҳо маблағи зиёд ваъда карда бошад ҳам, муносибати хунукназаронаи духтурҳо ба Мунирахон дигаргун нашуд. Ҷавонзан чун дид, ки ба вай аҳамият намедиҳанд, бо забони тозаи русӣ гуфт: “Шумо магар қасами Гипократро фаромӯш кардед?! Инсоф доред ё не, охир ҳолати ману тифлакам бисёр вазнин аст, агар сари вақт ҷарроҳӣ гузаронида нашавад, мурданамон имкон дорад. Худо накарда бо ману фарзандам ягон ҳодиса шавад, дар назди қонун чӣ ҷавоб медиҳед?! ”

Яке аз табибон айнакашро аз чашм гирифта, синчакорона саропои Мунирахонро аз назар гузаронд, сипас ҷониби ҳампешааш абрӯ паронда, заҳрханда кард: “ О, чурка борится за свои права?!”

Оташи ғазаби Мунирахон аз ин таҳқири рӯирост аланга гирифта бошад ҳам, дағалӣ карданро ба худ эб надида, бо мулоиматӣ гуфт: “Аввалаш ман ҳампешаи шумо ҳастам ва дар ватанам ба садҳо зани ҳомиладор дар таваллуд кардани фарзанд мадад мерасонидам, сониян, ҳар кӣ ҳам набошам, охир инсонам-ку!”

Вай гумон дошт, ки баъди ин сухан муносибати табибон дигар мешавад, вале хаёлаш хом баромад. “Раз уж такая умная, так и ражай сама, дура” гуён табибони беинсоф Мунирахони чордард доштаро ба ҳоли худ гузошта рафтанд.

Он шаб яке аз духтурҳо зодрӯз дошт ва табибони навбатдор аз сари мизи зиёфат вақте баргаштанд, ки Мунирахон аллакай бе ҳушу бе ёд дар рӯйи фарш мехобид. Онҳо осемасар ҷавонзанро ба толори ҷарроҳӣ бурданд, аммо аллакай дер шуда буд. Бачадони зан кафида, тифлак дар батни модараш мурда буд.

Бачадони кафидаи Мунираро гирифта партофтанд. Ин нишонаи он буд, ки ин ҷавонзани зебо дигар ҳаргиз рӯйи фарзандро намебинад. Мунирахон баъди чанд рӯзи бо марг даст ба гиребон шудан ба худ омад ва хабари марги писарчаашро шунида фиғонаш ба фалак печид. Аз даст додани фарзанд ва щам имконияти боз модар шудан ҷавонзанро аз зиндагӣ чунон дилсард гардонд, ки дигар одаму оламро дидан намехост. “Кош ба Русия намеомадаму ба ин ҳол гирифтор намешудам. Дар ватани худамон мебудем, ҳеҷ гоҳ ман ба чунин ҳол гирифтор намешудам! ” гириста-гириста мегуфт ҷавонзан ва ба он рӯзе, ки ба гапи шавҳараш даромада, билети њавопаймо харид, садҳо бор лаънат мехонд.

         Имрӯз Мунирахони табиб дар яке аз таваллудхонаҳои вилояти Суғд ба модарон барои ба дунё овардани фарзандони солим кӯмак мерасонад. Мардуми зиёде духтару хоҳару ҳамсаронашонро ба назди вай оварда, даст пеши бар кӯмак мепурсанд. Мунирахон тайёр аст барои зиндаву саломат ба олами ҳастӣ омадани ҳар як тифлак ҷонбозӣ намояд, аз ин рӯ номашро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Аз чизе камбудӣ надорад ин ҷавонзани донишманду меҳрубон, вале захми дилаш хуншор аст. “Ман ба пулҳое, ки шавҳарам бо азоби ҷон кор кард, нафрат дорам, чунки ҳамин пулҳо маро аз фарзанд ноумеду аз лаззати модар шудан якумра маҳрум сохтанд. Русия моро пулдор кард, вале якумра бадбахт намуд. Моли ҷаҳон ёфт мешавад, вале фарзанд не! ” мегӯяд ин табиби бо гуноҳи табибон бадбахтгаштаи тоҷик.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД