Шаҳноз бегоҳи ҳамон рӯз бо вуҷуди ҳолати вазнинаш аз ҷой бархоста ба роҳрав баромад. Ӯ дар роҳрав ба навиштаҷоти паси дарҳо нигоҳ карда, утоқи кӯдаконро меҷуст.
Духтури навбатдор ӯро дар роҳрав дид.
- Ба шумо ҳоло хестан мумкин нест. Наход ба ҷони худ ҷабр кунед?,- гуфта, аз дасташ гирифту оварда ба каташ хобонд.
- Духтурҷон, ман гиряи тифлонро шунида, фикр кардам, ки кӯдаки ман гушна мондааст. Хостам ӯро сер кунам.
- Фарзанди шуморо мо худамон нигоҳубин ва сер мекунем. Шумо бояд фикри худро кунед.
Аз байн ду рӯз гузашт. Кӯдакро наздаш намеоварданд. Шаҳноз бетоқат мешуд, аз духтур, ҳамшираи шафқат ва ҳатто аз заноне, ки утоқи ӯро рӯбучин мекарданд, мепурсид, ки барои чӣ кӯдакро ба ӯ нишон намедиҳанд. Рӯзи сеюм духтур ба Шаҳноз хабари шум овард.
- Духтарам, мард бош, насиби фарзандатро ба бағал гирифта маконидан набудааст. Ҷонашро харида натавонистем.
Фиғони Шаҳноз ба фалак печид. Ӯ дасти холӣ, сархам ва бо дили пур аз ғаму андӯҳ ба хонаи падар баргашт. Чун пешин аз хона намебаромад, бо касе вохӯрдан намехост.
Рӯзе ба аёдати ӯ дугонаи давраи донишҷӯиаш Чеҳра омада, хоҳиш кард:
- Дугонаҷони азизам, ин имтиҳони тақдир буд. Ту ба муҳаббати шахсе бовар кардӣ, ки ба як тори мӯй ва ба як қатра оби дидаи ту намеарзад. Худатро ба даст гир. Ту саводи хуб, қобилияти беандозаи ташкилотчигӣ дорӣ, худро хор накун, ба кор баро. Фақат меҳнат метавонад шахсро соҳиби обрӯ, соҳиби ҳурмату эҳтиром гардонад. Вақт давобахши ҳама дардҳост. Бовар дорам, ки бахтатро меёбӣ. Шахсе пайдо мешавад, ки туро ҳаққонӣ дӯст медорад.
- Дугонаҷон, аз таънаи мардум метарсам, одамон сӯи ман бо ангушт нишон дода, маҳкумам мекунанд.
Дугонаҳо то як поси шаб сӯҳбат карданд.
Шаҳноз баъди ин суҳбат тағйир ёфт, ба кор баромада, саргарми меҳнат шуд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ тавонист атрофиёнро ба худ моил созад ва соҳиби эҳтироми ҳамагон гардад. Ба ӯ бовар карданд. Аз уҳдаи вазнинтарин корҳо бо сарбаландӣ баромада метавонист. Солҳои зиёд дар корҳои роҳбарӣ кор кард.
Азбаски Шаҳноз хеле зани зебо буд, талабгоронаш дар ноҳия зиёд буданд, аммо ӯ дигар ба касе бовар намекард. Номардии Воҳид, ки фиребаш дода буд, аз ёдаш намерафт. Ба ҳар як мард бо шубҳа нигоҳ мекард. Ба худаш қавл дод, ки дигар шавҳар намекунад.
(Давом дорад)
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА