Arzon march 2024
Қиссаи бонуи 97-сола, ки сабадбофӣ мекунад
539

Турсуной Шарипова қариб 80 сол мешавад, ки ба ҳунармандӣ машғул аст. Ӯро дар Истаравшан ва гирду навоҳии он бештар бо ҳунари сабадбофияш мешиносанд. Вале қаҳрамони мо танҳо сабадбофӣ накардааст, балки ӯ бо ҳунарҳои қолинбофӣ, риштаресӣ, карбосбофӣ, сурфадӯзӣ ва ҳунарҳои гулдӯзиву зардӯзиву рӯймолдӯзӣ машғул шудааст. Рӯзноманигори сомонаи Oila.tj бо ин бонуи пурҳунар ҳамсуҳбат шуда, аз рӯзгори ҷолиби ӯ қисса намуд.

Соҳиби чил ҳунар

Турсуной Шариповаи 97-сола зодаи шаҳри Истаравшан аст. Ӯ аз хурдсолӣ ба ҳунару ҳунармандӣ рӯй овардааст. Ба гуфти қаҳрамони мо, сабадбофиро ду-се маротиба аз ҳамсояаш дида омӯхтааст ва то имрӯз ин пешаро идома медиҳад. Холаи Турсуной дигар навъи ҳунарҳоро бо мурури замон аз модару бибӣ ва хушдоманаш ёд гирифтааст.

1_14

- Мо хоҳарон ҳамроҳи модарам нишаста аз пахта ришта мересидему карбос мебофтем. Аз матоъҳои карбосӣ ҳатто барои худамон либос медӯхтем. Дар ин баробар шерозаҳо (барои даври тоқӣ, гирди остин ва поёни эзори занон) медӯхтем. Пашми гӯсфандро низ ресида, аз он қолин мебофтем. Гулдӯзиву зардӯзӣ, сӯзанӣ ва барои токча (рафи девори хона) шоҳтоқӣ медӯхтем. Ман ду-се бор ҳамсояро дида, сабадбофиро низ омӯхтам ва аз ҳунарҳои омӯхтаам хушҳолам. Фикр мекунам ишқи ҳунар маро ҷавон месозад,- мегӯяд пиразани пурҳунар.

Назар ба гуфти Турсуной Шарипова, ба наздикӣ як сӯзании дӯхтаашро сайёҳон чорсад доллари амрикоӣ нарх кардаанд, вале ӯ хостааст ин сӯзанӣ барои фарзанду набераҳояш ҳамчун нишона боқӣ монад.

Қаҳрамони мо то имрӯз ба нафарони зиёде ҳунар омӯзонидааст. Имрӯзҳо пайвандонаш низ бо ин ҳунарҳо машғуланд.

Ҳунарҳои мавсимӣ

Турсуной Шарипова тамоми сол ба ҳунармандӣ машғул аст. Зеро дар ҳар мавсим саргарми ҳунаре мешавад. Дар моҳҳои май-июн сабадбофӣ, моҳҳои август-сентябр риштаресиву қолинбофӣ, дар фасли зимистону аввали баҳор сӯзанӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ ва рӯймолдӯзӣ мекунад.

- Ман бекориро бад мебинам, барои ҳамин ҳам дар ҳар мавсим бо ҳунаре машғул мешавам. Дар моҳҳои май - июн сабадбофӣ мекунам. Сабадро асосан аз навдаи тут ва гули лигустра омода мекунем. Навдаҳоро ба навъҳо ҷудо карда, сабад мебофем. Сабадҳои чӯбӣ барои нон, мева, гӯшт, шир (сабад барои ширро бо суф маҳкам мекунанд, он бештар барои ҷудо кардани қаймоқи шир лозим аст), ношта ва ғайра истифода мебаранд. Сабадҳо доирашакл, сабади кӯзамонанд, чоркунҷа мешаванд. Сурфаро бошад, аз пӯсти гову гӯсфанд тайёр мекунем. Ҳашт рӯз онро дар тағораҳои миси бо оби зардоб гузошта мулоим мекунем. Баъдан бо хомсуф ҳамроҳ медӯзем. Хуллас, ҳамаи ҳунарҳои дастие, ки мекунам, аз сифр оғоз менамоям",- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо имрӯзҳо низ сабад мебофаду гулдӯзиву зардеворӣ медӯзад. Ба синну солаш нигоҳ накарда, ҳамоно ба ҳунармандӣ машғул аст. Ба гуфти холаи Турсуной, ӯ аз ҳунар қувват мегирад.

Зиндагӣ дар байни ҷанг!

Дар замони ҷанги хонумонсӯз дар ягон хона ҳаловат набуд. Ҷавонмардони зиёде барои ҳифзу ҳимояи ватан ба ҷанг рафта буданд. Дар колхозу совхозҳо ва корхонаву коргоҳҳо коргар намерасид. Аз ин рӯ, ба кори саҳро бештар бонувону духтарон ҷалб шуда буданд.

- Мо аз саҳарии барвақт ба кори саҳро мерафтем. Барои бист сотих гандум даравидан якто нон медоданд. Ҳама кӯшиш мекард, ки зиёдтар гандум даравида, соҳиби нони бештар шавад. Ман баъзе рӯзҳо то як гектар гандум медаравидам, ба ман панҷто нон медоданд. Агар дутояшро дар саҳро хӯрам, сетояшро ба хона мефиристодам. Ҳама чиз ки барои фронт равона шуда буд, халқ аз гуруснагӣ азият мекашид. Рӯзи дароз нон мехӯрдему бас. Боз нони гандумӣ не, ҷавин,- аз замони наҳси ҷанги бузурги ватанӣ ёдоварӣ намуд холаи Турсуной.

Холаи Турсуной замони ҷанг дар ақибгоҳ хизмат мекард. Гандум медарвиду пахта мечид, дар ин баробар ба ҳунармандӣ машғул мешуд. Ин хизматҳои шоиставу шоёнаш бо медали "Барои хизмати шоиста дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ", "Садсолагии В. И. Ленин", "45-солагии Иди Ғалаба", "65-солагии Иди Ғалаба", "70-солагии Иди Ғалаба" ва ғайра қадрдонӣ шудааст.

Армоне, ки ҳазорҳо нафар ба хок бурд

Турсуной Шарипова мегӯяд, ки чунин давраи тинҷу ором ва сериву пуриро дар ҳеҷ замоне надидааст. Дидани чунин рӯзҳои нек ба дили ҳазорҳо нафар армоне буд, ки ба хок бурдаанд.

2_27

"Ба насли пиру ҷавони имрӯз нигоҳ карда, ҳавасам меояд, ки чихел насли хушбахтанд. Замоне, ки мо хурд будем, ҳазорҳо нафар ба як бурида нон зор шуда ҷон доданд. Имрӯз пирони мо садри маъракаҳоянду хурдсолонамон нури дида. Шукр, ки дастурхонамон низ пурнозу неъмат аст. Саҳар келину набераҳо вақти субҳона ва хӯроки нисфирӯзиву шом он қадар нозу неъмат мегузоранд, ки дида, ҳар лаҳза шукри Истиқлолу озодӣ мекунам. Худ ба худ мегӯям, ки ман биҳиштро дар замин дидам",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин пиразани нуронӣ мегӯяд, ки бояд ҳар як пиру ҷавон ба қадри чунин неъмати бузург расанд ва сулҳу суботро чун гавҳараки чашм ҳифз кунанд.

Турсунойхола шукргузор аз он аст, ки дар чунин давру замон зиндагӣ дорад.

"Дар ҳар иду айём мо собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат мекунанд ва туҳфаҳои пуливу молӣ эҳдо мекунанд. Ман аз Пешвои миллат сипосгузорам ва доимо дуо мекунам, ки саломатии бардавом насибашон бод! Илоҳо сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва амну осоиштагии кишвари азизамон Тоҷикистон абадулабад пойдор монад",- мегӯяд бонуи 97-сола Турсуной Шарипова.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД