Arzon march 2024
Кадом хӯрокҳо боиси бадбӯӣ мегарданд?
1531

 Одамон се тоифаанд. Гурӯҳи аввал чунон бӯйи хуше мекунанд, ки вақти аз наздашон гузаштан дили кас гум мезанад. Тоифаи дуюм тамоман бӯй надоранд. Гурӯҳи сеюм бошанд ончунон бадбӯй ҳастанд, ки агар дар нақлиёт дар барат шинанд, дилат беихтиёр беҳузур шуда, оқат меояд. Чаро чунин аст?

 

Бӯйи такка ё…?

Мусаллам аст, ки агар инсон ҳамарӯза ба тозагии бадан диққат надиҳад, 100% бӯйи бад мекунад ва ягон дезодорант наметавонад бӯйи нафратовари бадани ӯро бартараф созад, вале бадбӯйӣ сабабҳои дигар низ дорад. Тавре маълум шуд, сабаби бадбӯй ё хушбӯй будани одамон дар маҳсулоти истеъмол мекардаашон будааст.

 

Мева хӯрӣ, хушбӯй мешавӣ

Ҳанӯз дар замони подшоҳӣ маъшуқаҳои шоҳ қабл он ки шабро бо ҳоким рӯз намоянд, танҳо мева ва чормағз истеъмол мекарданду ба оби нӯшокӣ як қатра равғани садбарг илова менамуданд.

Маҳсулотҳое ҳастанд, ки ба назар бе зарар менамоянд, вале хусусиятҳои маҳфуз доранд, масалан, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ боиси арақи бадбӯй кардани инсон мегардад. Шалғамчаи сурх (редиска) низ боиси муддати мадид бадбӯй гаштани инсон мешудааст.

 

Кабоб нахӯр, бӯй мекунӣ!

Олимон бар он андешаанд, ки бештар гӯштхӯракҳо арақи бадбӯй мекунанд. Арақи чунин одамон чунон бӯйи бад дорад, ки ҳатто бо кӯмаки дезодорантҳо низ наметавон онро бартараф намуд. На танҳо гӯшт, балки ширинӣ, тухм, майонез, маҳсулоти хамирӣ, фаст-фуд низ боиси бадбӯӣ мегардад…

Пфу, бӯйи қаҳва!

Муҳаққиқон муайян сохтанд, ки аз ҳама нӯшокии бадбӯй қаҳва аст, хусусан қаҳваи кӯфта, чунки дорои ҷавҳар асту дар он микробҳо бо суръати дучанд паҳн мегарданд.

Чанд тавсия барои хушбӯй гаштан

1. Барои он ки аз шумо накҳати тифли навзод ояд, хӯроки нимпазро истеъмол намоед.

2. Бештар маҳсулоти дорои клетчатка хӯред.

3. Дезодорантҳои табиӣ – мева, чормағз, кабутӣ ва сабзавоти хом мебошанд.

4. Себи сабз, тамоми меваҳои ситрусӣ ва гиёҳҳои хушбӯй ба инсон на танҳо хушбӯӣ, балки назокат низ ато мекунанд.

5. Аз нӯшокиҳо бештар гиёҳобҳои аз лимугиёҳ, мармарак ва пудина омодашударо нӯшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД