Commerce bank may-june 2026
«Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ дар Теҳрон рӯнамоӣ гардид
12.06.2026
Oila.tj
95

Дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маросими рӯнамоии китоби «Каманди зулф» - баргузидаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ бо иштироки аҳли адабу ҳунар ва дипломатҳои муқими Теҳрон баргузор гардидааст.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар медиҳад, дар чорабинӣ изҳор гардидааст, ки нашр ва рӯнамоии китоби «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ бо хати форсӣ бо дастгирии Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар таҳкими робитаҳои адабӣ ва фарҳангии давлатҳои минтақа ва муаррифии мероси адабии Тоҷикистон ба доираи васеи хонандагони форсизабон нақши муҳим хоҳад гузошт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ таъкид намудааст, ки Зулфия Атоӣ беш аз чаҳор даҳсола аст, ки дар саҳнаи шеъру адаб ва фарҳанги Тоҷикистон фаъолият дошта, бо эҷоди осори дилписанд дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми худро гузоштааст. Ашъор ва осори адабии Зулфия Атоӣ гувоҳ бар он аст, ки ӯ бо сухани пурмуҳаббат, эҳсоси нозуки занона ва қалби саршор аз меҳру садоқат дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи вижаи худро пайдо кардааст.

Дар идомаи ҳамоиш суҳбати видеоии донишманди тоҷик Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, ки ба китоб пешгуфтор навиштааст, пахш гардидааст. Муҳаққиқ ба баррасии вижагиҳои шеъри Зулфия Атоӣ пардохта, аз ҷумла таъкид кардааст, ки дар эҷодиёти шоир омезиши равиши шеъри муосири ҷаҳон бо суннатҳои ғании шеъри тоҷикӣ-форсӣ ба таври возеҳ мушоҳида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки китоби «Каманди зулф» чанде пеш бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар интишороти «Орван»-и шаҳри Теҳрон бо хати форсӣ, дар ҳаҷми 480 саҳифа ва бо теъдоди 500 нусха ба нашр расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД