sebiston july new
Кай метавон кудакро дар хона танҳо гузошт?
538

ҚАДАМИ НАХУСТ: Пеш аз ҳама бояд боварӣ ҳосил намоед, ки писар ё духтари шумо метавонад танҳо дар хона бимонад ва аз чизе тарс надорад. Ҳатман пурсед, ки агар танҳо бошад, оё наметарсад?

Ба кӯдак фаҳмонед, ки чаро бояд як муддат вай дар хона танҳо монад. Гӯед, ки ба куҷо меравед ва кай бармегардед.

Агар дар чашмони фарзанди худ тарсро дидед ва ё ӯ гуфт, ки намехоҳад танҳо бошад, пас ҳатман бо ӯ бимонед ва ё кӯдакро бо худ баред. Равоншиносон мегӯянд, ҳар кӯдак ба таври хосе рушд мекунад, аз ин рӯ ҳаргиз гуфта намешавад, ки вай даҳсола ё дувоздаҳсола шудаасту метавонад дар хона танҳо бимонад. Баъзе кӯдаконе ҳастанд, ки онҳоро ҳатто дар 9-10-солагӣ метавон дар хона гузошт, вале кӯдаконе низ ҳастанд, ки дар 12-солагиашон ҳам намешавад бо боварӣ дар хона танҳо монд.

ҚАДАМИ ДУЮМ: Шумо бояд то кадом андоза мустақил будани фарзандатонро донед. Як силсила суолҳое ҳастанд, ки аз посухи фарзандатон ба онҳо шумо метавонед ба хулосае оед, ки оё мешавад ӯро дар хона танҳо гузошт ё на.

Аз ҷумла ин суолҳо: агар касе занги дарро пахш кард, чӣ бояд кард?

ба занги телефон чӣ гуна бояд посух дод?

Чиро бояд гуфт ва чиро не?

аз таҷҳизоти барқӣ, бахусус электроплита ё микроволна чӣ гуна бояд истифода кард?

мумкин аст аз тирезаи боз ба берун нигоҳ кард?

агар қувваи барқ ногаҳон хомӯш шавад, чӣ бояд кард?

агар ногаҳон дар хона дуд мушоҳида шавад, чӣ бояд кард?

дари даромадро чӣ гуна бояд боз карду пӯшид?

бо падару модар чӣ гуна метавон дар алоқа шуд?

вақте волидон дар хона нестанд, дар ҳоли зарурат аз кӣ бояд ёрӣ пурсид?

Агар шумо дилпуред ва иҷозат медиҳед, ки дар набуданатон фарзандатон кӯча равад ва бо ҳамсолонаш бозӣ кунад, пас аввал посухи ӯро ба ин суолҳо донед ва агар ҷавобҳояш қаноатбахш набошанд, ӯро ислоҳ намоед:

ба лифт бо одамони ношинос савор шудан мумкин аст?

метавон дар пеши одами ношинос дари хонаи худро боз кард?

 

қоидаҳои гаштугузор дар кӯчаро медонад?

Аз посух ба ин суолҳо шумо метавонед ба фарзандатон бовар намоед ва ё дар мавриди танҳо гузоштани вай дар хона фикр кунед.

ҚАДАМИ САВУМ: Як қоидаи умумии дохилиро дар хонаи худ бояд муайян кунед, ки агар кӯдак дар хона танҳо монад, бояд ҳатман ин қоидаро риоя кунад. Корҳоеро, ки мумкин аст дар набудани шумо иҷро кард ва корҳоеро, ки набояд иҷро кунад, муайян намоед ва ҷиддан ба ӯ фаҳмонед, баъд имтиҳон кунед, ки оё дар ҳақиқат ба ёд гирифтааст ё не?

Ин қоидаҳо тақрибан метавонанд аз инҳо иборат бошанд:

набояд дар набудани шумо вай ба хона дӯстон ва шиносҳояшро даъват кунад.

Шахси ношиносро аслан бояд ба хона наорад;

дар набудани шумо аслан набояд дари хонаро барои шахсони ношинос боз кунад;

дар набудани шумо набояд аз як соат бештар телевизор тамошо кунад.

Ин қоидаест, ки бояд ҳамарӯза риоя шавад, чӣ шумо бошед ва ё набошед;

ҳар соат ба падар ё модари худ занг занад, аз ҳоли худ дарак диҳад. Вақте занг зад, шумо ҳатман бипурсед, ки ба чӣ кор машғул аст. Оё супоришҳои шуморо иҷро кард ё на? Ин супоришҳо метавонанд гуногун бошанд. Аз ҷумла:

-рафтан ба мағоза;

- ба варзишгоҳ барои машқ;

- хондани китоби муфид ё китобе, ки шумо барояш муайян кардаед;

-ҳалли масъалаҳои риёзӣ, ребусҳо ва кроссвордҳо, ки пеш аз баромадан аз хона ба ӯ супориш дода будед;

- шустани зарфҳо; ба тартиб овардаи ҷойи хоб ва ё ошхона ва ғ.ҳ.

Равоншиносон мегӯянд вақте кӯдакро дар хона танҳо мегузоред, барояш на як, балки чандин вазифа супоред. Коре бояд кард, ки дар танҳоӣ фурсати ба корҳои беҳуда саргарм шудан наёбад ва диққаташ ба иҷрои супоришҳои шумо бошад.

Серталаб бошед, вақте аз берун баргаштед, аз фарзанди танҳомондаи худ иҷрои супоришҳоятонро ҷиддан талаб кунед ва санҷед. Ин бори масъулияташро зиёд мекунад ва талош менамояд ҳатман кулли супоришҳоятонро иҷро кунад, то посух дода тавонад. Аз сӯи дигар ин амал ҳисси масъулиятшиносии фарзанди шуморо бештар мекунад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД