arzon replenishment
Кӯдак баъд аз иммунизатсия бемор мешавад?
833


Аз рӯзҳои аввали ба ҳаёт омадани кӯдак ӯ аз ҷониби духтурон ба иммунизатсия фаро гирифта мешавад.

Он василаи муҳим барои устувор шудани организми ӯ ба бемориҳои гуногун, ба монанди зарпарвин, гулафшон, гулӯзиндонак, дарунравӣ, фалаҷ, вараҷа ва дигар бемориҳо мебошад, ки аз рӯи ҷадвали тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

Аксари волидон бар он назаранд, ки фаро гирифтани кӯдак ба иммунизатсия чандон боварибахш нест, зеро онҳо давоми ҳаёт аз ҳамон беморие, ки бар зидди он ваксина гузаронида шудаанд, азият мекашанд. Оё эҳтимоле вуҷуд дорад, ки кӯдак пас аз иммунизатсия ба беморӣ гирифтор шавад?

Тибқи дастуре, ки Вазорати тандурустии кишвар дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар самти иммунизатсия пешниҳод намудааст, чанд омилҳое ҳаст, ки метавонад боиси сар задани беморӣ гардад, вале чунин ҳолатҳо хеле кам ба вуҷуд меоянд. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, ки сабаби баъд аз иммунизатсия бемор шудан дар он аст, ки организми кӯдак бар зидди беморӣ масъуният ҳосил намекунад.

Агар масъуният коркард нашавад ва кӯдак бо барангезандаи беморӣ дучор шавад, эҳтимолияти беморшавӣ вуҷуд дорад, вале беморӣ сабук мегузарад.

Баъзан воя (доза)-и изофии ваксина ҳимояи беҳтар ва қавиро дар организми кудак таъмин мекунад. Ҳолати дигар вуҷуд дорад, ки шояд кӯдак бо барангезандаи беморӣ то гирифтани ваксина дучор шуда бошад ва эҳтимол аст, ки кӯдак то гирифтани ваксина аллакай бемор бошад.

Аз ин рӯ, кӯдакони худро аз рӯи ҷадвали таъиншуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки духтурон муайян мекунанд, кӯдакони худро ба иммунизатсия фаро гирифта, масъунияташонро барои мубориза бо бемориҳо омода намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД