sebiston july new
Кӯдаки 3 моҳа чи кор карда метавонад?
452


Тифли навзод дар тӯли се моҳи зиндагии берун аз батниаш ба дастовардҳои зиёд ноил мегардад. Аввалан ӯ садоҳои гуногунро мешунавад ва ашёҳои берунаро мебинад, ҳатто овозҳои шиносро аз ношинос фарқ мекунад.

Ҳангоми бо модар ва шахсони наздикаш рӯ ба рӯ шудан хурсанд мешавад, аломатҳои хурсандияшро иброз медорад.

Тифли 3 моҳа гарданашро баланд бардошта метавонад ва ашёҳои атрофро назорат карда, онҳоро думболагирӣ мекунад. Барои аниқ кардани биноиши кӯдак аз ягон бозичаи рангаш баланди ҷалбкунанда истифода намуд, онроа ба ин тараф ва он тараф ҳаракат кунонидан лозим аст. Кӯдак дар семоҳагӣ бозичаро бо чашмонаш бояд пайгирӣ намояд, агар ягон аксуламал ишон надиҳад, мушкили биноӣ дорад.

Навзод ҳамавақт мехоҳад чизҳои ба дасташ наздикро қапида гирад ва ба даҳонаш барад, аз ин хотир ба тифл ҳамеша аҳамият додан лозим аст, то ки ягон чизи ифлос ва хатарнокро ба даҳонаш набарад.

Вазни кӯдак аз рӯзи таваллуд то семоҳагӣ бояд тахминан 800 грамм зиёд шуда, қаддаш 3-4 см дароз шавад. Мағзи сари кӯдак бошад, наздики 30-40 грамм зиёд мешавад. Ин ададҳо дар умум нишон дода шудаанд, вале ҳар кӯдак нишондоди худро дорад, бинобар ин, аз кам ё зиёд будани вазну қадаш набояд хавотир шуд.

Дар ин муддат кӯдак ба гап-гап кардан бо забони худ шуруъ мекунад. Барои мақсади худро байён намудан кӯдак бештар гиря мекунад. Ин ягона воситаи фарёдкунии кӯдак аст, аз ҳамин сабаб ҳар гоҳ гурусна монад ва ё хоб кардан хоҳад, гиря мекунад. Ин амал ба модар ҳам фурсати истироҳат карданро медиҳад. Бо баҳонаи гиряи навзод зан тамоми кору борашро мегузораду ба сӯи кӯдакаш медавад.

Хӯроки кӯдак вобаста ба хоҳиши тифл бояд дода шавад, яъне меъёри муайян надорад. Ӯ худ ҳар вақте хост модарашро “даъват” мекунад ва ба қадри хостаи худ мехӯрад. Барои хобаш ҳам ягон меъёр вуҷуд надорад. Маъмулан тифлакон дар ин давра 16-18 соати вақташонро бо хоб мегузаронанд, ки ин комилан маъмулист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД