formula
Кӯдаки ба никоҳ тавлид шуда ба дӯзах меафтад ё биҳишт?
12.01.2022
ОИЛА
1884

Ману шавҳарам 12 сл дар як болин сар монда, соҳиби фарзанд нашудем. Барои вайрон нашудани оилаамон бо маслиҳати хешу табор кӯдакеро, ки модараш аз ӯ даст кашида буд, ба фарзандӣ қабул кардем. Ман ин кӯдакро мисли фарзанди худам дӯст медорам ва чун гавҳарки чашмонам эҳтиёт мекунам, вале баъзе занҳои ба қавли худашон “аз гӯру қиёмат бохабар” маро сарзаниш карда мегӯянд, ки набояд тифли ҳаромиро ба фарзандӣ қабул мекардам. Ба гуфти онҳо кӯдаке, ки бе никоҳ ба дунё омадааст, касофатзада ва шумқадам буда, ҳатто баъди маргаш низ ба дӯзах меафтодааст. Ин гапҳоро шунида бисёр зиқ мешавам, охир тифлаки бечора чӣ гуноҳ дорад, ки ба чунин ҷазои сахт гирифтор мешудааст...
Ҳабиба, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз, хуб кардед, ки як тифли зиндаятимро ба фарзандӣ қабул карда, ба ӯ меҳру муҳаббати модарона медиҳед. Шумо барои фарзанд хонданӣ ин тифл ва тарбияи ӯ гунаҳкор намешавед, чунки кори хайру савоб кардаед, на гуноҳ. Дар масъалаи дӯзах ва биҳишт бошад, ҳаминро гуфтанием, ки ҳама чиз дар дасти Худованд аст ва касе дақиқ намедонад, ки кадом инсон баъди маргаш ба биҳишт мераваду рӯҳи киро худованд ба азоби дӯзах гирифтор месозад. Дар маҷмӯъ дар масъалаи фарзанди валади зино, ки дар байни мардуми мо бо номи ҳаромӣ маъмул аст, андешаи фақиҳон ё муфассирон гуногун аст. Баъзеҳо бар он андешаанд, ки онҳо ҷаҳаннамӣ ҳастанд, баъзеи дигар мегӯянд, ки ҳамааш дар дасти худованд аст ва Парвардигор ҳар муомилае, ки мехоҳад, бо онҳо анҷом медиҳад, чунки дар тавлиди тифли бе никоҳ падару модараш гунаҳкоранд, на фарзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД