35 years of independency
Келини бой беҳтар ё боодоб?  
04.10.2026
Oila.tj
78

Ҳафтаи гузашта мо номаи ҷавони 23-солае аз ноҳияи Фархорро таҳти унвони «Падарам келини бой мехоҳад» нашр кардем. Муаллиф навишта буд, ки падараш мехоҳад ӯ бо духтари хонаводаи сарватманд издивоҷ кунад, то дар зиндагӣ пуштибон дошта бошад. Аммо худи ҷавон бар ин назар аст, ки оила бояд пеш аз ҳама бар меҳру муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд шавад, на бар дороии волидони арӯс. Ин нома миёни хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба вуҷуд овард ва мо чанде аз ин назарҳо ва номаҳоеро, ки ба редаксия ворид шуданд, манзури шумо месозем.

Сабригул Маҳмадзода:

- Ба сарвати падари духтар умед бастан дуруст нест. Муҳим он аст, ки духтар ахлоқу одоби хуб дошта бошад. Боодобӣ беҳтарин сарват аст. Духтаре интихоб кун, ки туро дӯст дорад ва дар ҳама шароити зиндагӣ ҳамроҳат бошад.

М. Гадоева:

- Гап на дар бой будан асту на дар камбағал будан. Муҳим тарбияи хуби духтар ва муҳити оилавии ӯст. Духтари камбизоате ҳам метавонад нозу нузи зиёд дошта бошад ва духтари сарватманд ҳам метавонад хоксору боодоб бошад.

Дилрабо Аҳмедова:

- Имрӯз пул дар зиндагӣ ҷойи муҳим дорад. Агар духтари хонаводаи сарватманд розӣ бошад, танҳо аз бой будани оилаи ӯ набояд тарсид. Аммо бояд оқибати зиндагиро ҳам андеша кард.

Муҳаббат Назарова:

- Ин ҷавон зиндагии бо меҳру муҳаббат мехоҳад. Сарват кафолати хушбахтӣ нест. Дар ниҳоят тақдир ва муносибати ду нафар муҳимтар аст.

Лола Абдулазизова:

- Муҳим он аст, ки духтар чашмсер, хонаободкунанда ва боақл бошад. Агар дар оилаи хуб тарбия ёфта бошад, зиндагии навро ҳам бо баракат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД