formula
Хабарнигор аз масъулин имдод металабад
380

Дар ҳоли тоза накардани канали деҳаи Ревади ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи омадани сел корношоям шудааст, зиёда аз 300 гектар замини киштшуда, ба боди фано меравад. Дар ин бора рӯзноманигор Комрони Аслон дар муроҷиат ба вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси ноҳияи Айниву куратори бахши кишоварзии ноҳия ва ҷамоати Урметан дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст.

"Ба доди мардуми селзада расед. Замоне оғози маводро менавиштам бештар аз як моҳ шуда буд. Имрӯз дар ҳафт нуқтаи роҳ сел омада, заминҳову роҳҳоро вайрон кардааст. Нигоҳубини роҳ бар дӯши муассисаи нигоҳдории роҳҳо дар ноҳияи Айнӣ мебошад”, - гуфтааст хабарнигор.

Бино ба гуфти Ёрмуҳаммад Манопов, корманди муассисаи нигоҳдории роҳҳо дар ноҳия, ҳарчанд ҳолати роҳро ба роҳбарият фаҳмонидаанд, дар посух гуфтаанд, ки мардуми деҳа худашон роҳро тоза намоянд.

“Имкони бо даст тоза кардани роҳ вуҷуд надорад. Дар суҳбат кормандони муассиса баҳона пеш меоранд, ки сӯзишворӣ надорем ва чархҳои мошинҳо кафида аст. Фақат баҳона мекунанду халос! Додамонро ба кӣ гӯем? Мардумро эҳтиром кунед!”,-афзудааст Комрони Аслон.

Ёдовар мешавем, ки 5 июл, тахминан соати  16:30 дар километри 14-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷекент дар натиҷаи боронҳои шадид сел омад. Роҳ дар ин қитъа муддате барои ҳаракати мошинҳо номумкин шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфта буд, ки барои роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуд. Бо талоши хадамоти роҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд соати 19:40 роҳ аз селовардаҳо тоза карда шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид. Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД